Муҳандиси барқӣ яке аз касбҳои пуршарафу зарурӣ ва замонавӣ буда, дар ҳамаи соҳаҳои мухталиф зарур мебошад. Вале равшанӣ бо барқ намешавад, ки тамоми асбобу ашёҳою лавозимотҳои техникӣ аз он вобастагӣ дорад ва яке аз хатарноктарин касб- барқчӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо чун айёми фасли гармӣ фаро расидааст, шомгоҳон сокинону меҳмонон ба Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барои истироҳат назди фаввораҳо, зери дарахтони сояафкан бо аҳли оила сайру гашт менамоянд. Зеро ки таъмини равшанӣ имконият медиҳад аз хусусиятҳои зебогии қалъаи таърихӣ, боғи фароғатӣ, муҷассамаҳо, айвонҳои боҳашамат, мақбараи рамзии Шайх Камол, шаршараҳои сунъӣ, фаввораҳои обӣ, инчунин гулу гулбуттаҳо ё унсурҳои меъмориро истироҳаткунандагон дар риштаи дидан бо равшанӣ эҳсос намоянд. Илова бар ин барои равшан намудани дарахтон ё чароғакҳои рангини фаввораҳои обӣ дар боғи фарҳангӣ ҳам чароғҳои заминӣ ва ҳам чароғҳои поясутунӣ пайвастшуда, равшаниҳои рангоранг медиҳанд, ки маҳсули меҳнати муҳандисони хоҷагӣ ва техникии муассисаи мазкур маҳсуб меёбад.
Дигаре бошад, равшании қалъаи таърихӣ як ҷузъи нотакрори муҳити намоишии тамошобинон гаштааст. Гоҳе дар саҳнаи қалъаи таърихӣ чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, консертҳои идона барои фароҳам овардани фазои равшанӣ ва равона намудани таваҷҷуҳи тамошобинонро дар бар мегирад, ки масъули беминнати мутахассинони барқ дида мешавад. Пас, маълум мегардад, ки равшанӣ як воситаи пуриқтидор барои ба танзим даровардани кайфияти тамошобинро дар бар мегирифтааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки мақсади асосии хизматрасонии барқчиён ин пеш аз ҳама таъмин намудан бо қувваи барқ барои мардум мебошад. Яъне муҳандисони техникӣ- барқчӣ мутахассисоне мебошанд, ки корҳои вобаста ба таъмини барқро саривақт ба иҷро мерасонанд. Муҳандисони барқ, коргарони ихтисосманду ботаҷриба ва донандаи касбии хеш буда, ба хизматрасонии таъмири техникаю асбобҳои барқӣ ҳамарӯза машғул ҳастанд.
Метавон гуфт, ки дар шуъбаи хоҷагии техникии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо сарварии сармуҳандиси коргоҳ Шуҳратҷон Шокиров якчанд нафар мутахассисони соҳаи барқ кору фаъолият доранд. Онҳо ҳамарӯза аз рӯи қоидаҳои бехатарӣ таъмин намудан бо пуррагии барқ сару кор доранд. Дар шуъбаи мазкур омодасозии нақшаҳои техникӣ, ба кордарории мунтазами муҳаррикҳои обӣ, назорати сифат ва идораи таҷҳизотҳои техникӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳадафи асосии муҳандисони барқӣ аз он иборат аст, ки тамоми коркарди лавозимотҳои техникии мавҷудбударо саривақт ва бо сифати баланд таҳти назорат гирифта, аз талафот эмин нигоҳ доштан мебошад.
Месазад гуфт, ки муҳандисони барқии муассисаи мазкур минҷумла, Назаров Абдусаттор, Султонов Муъминҷон, Маҳмудов Муқимҷон, Воҳидов Орифҷон, Юсупов Исроил , Ҳайдаров Бахтиёр, ки ба корҳои муҳандисӣ, тарҳрезӣ, таъмири техникии равандҳо ва таҷҳизотҳои механикиро дар навбати худ нақшаҳои дар пешистодаро сарбаландона иҷро менамоянд.
Бояд гуфт, ки кормандони ихтисосманду ботаҷрибаи шуъбаи хоҷагии техникӣ бо кордониву маълумоти касбии техникӣ дошта дар хизматрасонию таъмири саривақтӣ машғул ҳастанд, ки ин макони таърихию фарҳангӣ ҳамеша бо равшании барқ таъмин бошад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”