Шоми 18- майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхонаҳо” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов суханронӣ намуда, гуфта гузашт, ки барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва оммавии иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхонаҳо” аз солҳои пешин бо хусусиятҳои хосаш фарқ дорад . Дар идомаи сухан гуфт, ки ин ҳама чорабиниҳои мазкур таҷассумгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқи тоҷикон ба шумор меравад.
Ҳамзамон дар ин чорабинии маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ даҳҳо нафар сокинону меҳмонон ва мухлисони таърих дар қисмати берунаи бинои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷамъ омада буданд. Дар саҳнаи осорхонаи таърихӣ ва дар даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бештари наврасону кӯдакон зери мусиқӣ рақсу бозӣ ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Чорабинии иқдоми байналмилалӣ “Шабе дар осорхона” аз соати 16:00 то 22:00 идома хоҳад бахшид.
Даромад ба чорабинии “Шабе дар осорхонаҳо” соати 16:00 ифтитоҳ гардид, ки дар зербино ва дохили осорхона намоишӣ нигораҳои таърихию фарҳангӣ, экспонатҳо, гӯшаи хонаи тоҷикӣ бо ороишу анъанаҳои миллӣ ва ҷиҳози қадима ба маърази тамошобинон пешкаш карда шуда буд. Дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ дастаи карнайнавозон, бозиҳои шавқовари оммавӣ, намоиши баргузории ретро- автомашинаҳои қадимаи “Победа”,”Москвич-406”,Волга “Газ-21”,”Газ-24”, ВАЗ “Жигули 21011”, Жигули “2106”, мотосиклҳо ва қаҳрамонони афсонавӣ шумораи зиёди тамошобинонро дар атрофи худ ҷамъ намуд.
Гуфтан ба маврид аст. ки дар доираи нақшаи чорабинии МИҲД-и вилояти Суғд, бо иштироки ҷавонон, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касби техникии шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии шахсони масъул , аз шоми тамошои осорхонаи таърихӣ дидан намуданд.
Қутбиддин Салимзода- яке аз сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ба ин чорабинии мазкур ҳар сол бо аҳли оилаам иштирок мекунам , тариқи ройгон будани намоиши осорхона хело хурсандам ҳастем. Гуфта метавон, ки фарзандонам аз тамошои намоиши ретро- автомобилҳои гуногуни тағмаи барориши истеҳсолии Иттиҳоди Шӯравӣ нодиру эксклюзивӣ ва мотосиклҳо рамзи асосии тамошо буд, бисёр маъқул шуд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод дорам ин иқдоми нек на фақат як шаб , балки якчанд шаб гузаронида шавад. Яъне сокинону тамошобинон ин иқдомро рӯйи даст гирифта аз таъриху фарҳангӣ тамаддуни халқи тоҷик боз ҳам мехоҳанд аз наздик ошно гарданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар осорхонаҳо” иқдоми ҷаҳонӣ дошта, мақсади асосии он доир ба фароғату истироҳатӣ сокинону меҳмонон равона гардидааст, ки ин нишон додани осорхонаи таърихӣ ҳамчун макони хазинаи нигаҳдории ёдгории таъриху фарҳангӣ , ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамошои сайри осорхона ва истироҳат дар боғи фарҳангӣ равона гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола 18 - май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” ҷашн гирифта мешавад, ки аз соли 1978 то инҷониб 150 давлатҳои ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Ҳамин тариқ иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхонаҳо” дар фазои осмони софи пур аз ситора ва дӯстиву ваҳдат тантанавор аз ҷониби кормандон ва шахсони масъули осорхонаи таърихӣ пешкаши сокинону меҳмонони фарҳангдӯст гардонида шуд, ки ба таври ройгон 12 802 нафар боздид ба амал оварданд. Ин иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхонаҳо” чорабинии махсуси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд буда, ҳамасола 18- уми май ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” дар сатҳи баланди фарҳангию маърифатӣ ва бо сифати мукаммали касбӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
Ёдовар шуд, ки барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии фестивали намоиши ретро- автомобилҳои тамғаи модели барориашон гуногуни истеҳсоли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳибони нақлиёт аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”