Дар асл, давиданро шоҳи варзиш меноманд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои бардамии саломатӣ нақши бузург дорад. Воқеан, касоне ки мунтазам ба ин намуди варзиш ҳамарӯза машғуланд чусту ҷолок, тавоно, бардам худро ҳис мекунанд.
Зикр намуд, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамасола 23 –уми май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад,ки санаи 18-уми май дар шаҳри Хуҷанд чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки васеъи сокинон, кормандони касбу кори гуногун доир гардид.
Қайд намуд , ки дар қатори намояндагони муассиса ва ташкилоту идораҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба Дави миллӣ кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд сарҷамъона иштирок варзиданд.
Ин чорабинии оммавӣ- варзишӣ дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд санаи 18 – уми май соати 7:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев роҳандозӣ гардид, ки масофаи умумӣ 4 км-ро ташкил дод.
Мақсад аз ҳадафи баргузории Дави миллӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Ёдовар шуд, ки Дави миллӣ ин воситаи сарҷамъии миллат ва ташвиқи тарғиби тарзи ҳаёти солим буда , барои солимӣ ва оммавияти варзиш мусоидат хоҳад кард.
Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”