Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мизи мудаввар ва чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо”

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 16-уми майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо”, таҳти унвони “Осорхонаҳо дар даврони истиқлол”, бо иштироки Бахтиёр Қосимов- сардори раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, Фароғат Усмонова- сармутахассиси раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, Иброҳим Иброҳимов- Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, Мансур Бойматов- директори Осорхонаи таърихии  вилояти Суғд , мудирони шуъбаҳои мухталифи муассисаи мазкур ва  роҳбарони осорхонаҳои вилояти Суғд, намояндагони  ВАО ва дигар шахсони масъул мизи мудаввар  баргузор гардид.

Мизи мудавварро  директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов Мансур оғоз намуда ҳозиринро бо  фарорасии таҷлили иди касбии “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” хайру мақдам ва табрику муборакбод намуд.  Сипас ,иштирокчиёни мизи мудаввар , ки  ба нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд  бо аҳли  нишаст шинос намуд.

Баъдан, сухани навбатиро ба сардори раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов дода шуд.

Ӯ дар баромади хеш  ҳамагонро бо рӯзи таҷлили иди касбии Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо шодбош гуфт. Дар  баромади худ иброз намуд, ки дар раванди дигар осорхонаҳои кишвар, минҷумла  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд , яке аз нигоҳдории ёдгориҳои қадима ва маводҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ кормандон кору фаъолият бурда истоданд.

Бояд зикр намуд, ки осорхона дар даврони истиқлол таҷассумгари таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик буда, тамошои он касро ба сайри таърихи куҳанбунёди миллати бостон мебарад. Чун ҳамагон огоҳ ҳастед, дидан намудан аз осорхона барои васеъ намудани сатҳи маълумотгирӣ ва дарки воқеаҳои таърихӣ ошноӣ пайдо намудан бо анъана, маросим ва оинҳои мардумӣ мусоидат мекунад.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз маркази фарҳангии вилоят ба шумор меравад, ки таъриху этнография, фарҳанг, маърифат, бостоншиносӣ ва маданияти урфу одати мардуми миллати тоҷикро ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ муррифӣ менамояд.

Дар идомабахши чорабинии мазкур аз ҷониби  раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд ба чанд нафар сарварони осорхонаҳои таърихии  вилоятӣ Суғд,  барои саҳми арзанда, тарбияи ғоявию ахлоқӣ ва ноил гаштан ба комёбиҳои    назаррас бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ  ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд

Дар  мизи мудаввар намояндагони осорхонаҳои таърихӣ бо маъруза баромад намуда барои баланд бардоштани ҷиҳати  рӯ овардан ба оинаи таърих бо барномаҳои ҷадиди мавҷудбуда, ки ба ҷалби тамошобинон равона гардидааст, ибрози назар намуданд.

Дар қисмати  бахши чорабинӣ баъди  нисфирӯзи аҳли кормандони муассисаи мазкур дар толори маҷлисгоҳ сарҷамъ омаданд. Ҷамъомади тантанавиро  Омири  кулии муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов ҳусни оғоз бахшида ҳамаи кормандонро бо ин ҷашни фархунда ва бошукуҳ табрику таҳният намуда, дар бораи рисолати бузурги осорхонаи таърихӣ дар ҷомеа ҳамчун нигоҳдории мероси ёдгориҳои тамаддуни миллати тоҷик изҳори ақида намуд.

Дар ин чорабинии мазкур Юсупова Назокат – сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” дар назди КИ ҲХДТ, Қодирова Фотимахон – Раиси иттифоқи касабаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд ва  Юсупов Олимҷон – роҳбари маркази методии раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз фурсати  тантанавӣ истифода бурда  ба якчанд кормандони ҷавон шомил шудан ба аъзогии ҲХДТ шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандон, ки пайваста дар чорабиниҳои фарҳангию илмӣ ҳамеша кӯшиш ва  фаъолона ширкат меварзанд бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар шуд, ки санаи 18- уми май дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, маъракаи “Шабе дар осорхона” аз соати 16:00 то 22:00  дарҳояш кушода тариқи ройгон барои тамошобинон доир мегардад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМизи мудаввар ва чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо”
Scroll to Top