Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ганҷинаи ҳикмат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китобхона, махзани китобҳо муассисаи маданию маърифатӣ, илмию ёридиҳанда аст, ки истифодаи оммавии маҳсули матбуот ва баъзе дастхатҳоро фаро мегирад. Кормандони китобхонаҳо бо гирд овардан, маҳфуз доштан, ташвиқ намудан ва ба мутолиакунандагон пешниҳод кардани асарҳо машғуланд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ зикр намудаанд:

 «Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд.

Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсӯҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд».

Ҳанӯз аз қадимулайём, тоҷикон соҳиби китобхонаҳои бузург буданд. Ба ёд меоварем фарҳангистони даврони сосониёнро ба номи «Гунди Шопур», ки дорои китобхонаи беназире буд. Дар дарвозаи ин фарҳангистон суханони зер чун шиор сабт шуда буданд: «Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст».

Китобҳои фарҳангистон дар 250 ҳуҷра ҷой дода шуда, аксар ба забони паҳлавӣ иншо ёфта, инчунин аз забонҳои юнонӣ ва санскрит тарҷума шуда буданд.

Китобхонаи мазкур тамоми илму дониши он замон ва давраҳои пешинро фаро мегирифт. Ин махзани беназири китоб бар асари ҳуҷуми лашкари хилофат қисман ғорат гардид ва қисман сӯзонида шуд.

Дар даврони Сомониёни тамаддунпарвар бунёди китобхонаҳо равнақи тоза пайдо кард. Аксари шаҳрҳои он даврон китобхона доштанд.

Дар пойтахти давлати Сомониён бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи он даврон бо номи «Савон-ул-ҳикмат» («Ганҷинаи  ҳикмат») бунёд гашт, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.

Китобхонаи  «Савон-ул-ҳикмат» дар қаламрави  Сомониён  китобхонаи ягона набуда, дар  Самарқанд,  Марв,  Балх, Ҳирот ва шаҳрҳои  дигар  низ  китобхонаҳои давлатии  мураттаб мавҷуд буданд. Дар  китобхонаи Марв  ба  ғайр аз осори  арабию маҳаллӣ китобҳои  зиёди  паҳлавӣ низ нигоҳ дошта мешуданд,  ки  онҳоро Яздигурди III Сосонӣ (ҳукм. 632-651) ҳангоми аз  дасти  истилогарони араб гурехтанаш ҳамроҳ оварда буд. Дар назди мадрасаю масҷидҳо китобхонаҳои зиёд мавҷуд  буд, ашхоси  алоҳида низ  китобхонаҳо доштанд.

Ин «Ганҷинаи ҳикмат» бар  асари  сӯхтор аз байн рафт, ки  сабаби  онро  муҳақиқони  имрӯза аз  авҷ  гирифтани иртиҷои  динӣ  медонанд,  зеро он яке аз  марказҳои  зидди  хилофат, эҳёи  фарҳанги  бостон ва бедорию  худшиносии тоҷикон буд. Тоҷикони соҳибтамаддуну бофарҳанг ба китоб эътиқоди  бузург доштанд ва  ҳатто дар  меҳмонхонаҳо,  чойхонаҳо, корвонсаройҳо низ китобхона бо утоқҳои хосаи истифодаи китобҳо фаъол буданд.

Ҳар лашкаркаше, ки ба сарзаминҳои фарҳангпарвари Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла меовард, пеш аз ҳама, марказҳои маънавӣ ва китобхонаву донишмандонро маҳву нобуд месохт.

Он ҳама китобҳои сӯхта, китобхонаҳои оташгирифта, ёдгориҳои барбодрафтаи таърихии халқи тоҷик имрӯз дар симои Китобхонаи миллии мо аз сари нав эҳё гардида, дар роҳи боло бурдани ҷаҳони маънавии халқамон нақши арзанда мебозанд.

Дар марҳалаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну мӯҳтавои нав идома пайдо кард.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид.

Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, ин сана дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон гардид, ки ҳар сол 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1330 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намудааст.

Дар замони муосир вазифаи  китобхонаҳоро  мувофиқи  таркиби  фонди китоб  ва  методҳои  корӣ  ба ду хели  асосӣ  ҷудо менамоянд:

А) Китобхонаҳои  оммавӣ

Б)  Китобхонаҳои  илмӣ ва махсус

  Китобхонаҳои  илмӣ  ба  олимону  мутахассисони соҳаҳои  гуногуни фан,  хоҷагии халқ ва  маданият, инчунин  ба  мактабҳои  олӣ ва  миёна  хизмат  мерасонанд. Фаъолияти  ҳамаи  намудҳои  китобхонаҳо аз  пур  кардан  ва  ташкил намудани фонди  китоб  иборат  буда, инчунин ба  мутолиакунандагон  хизмат расонидан аст.

Китобхонаи илмии Осорхонаи  таърихи вилояти Суғд низ ҳамқадам бо осорхона фаъолият  менамояд ва  ҷузъи  ҷудонашавандаи он  аст.  Агар дар фонди  китобхонаи  илмии  Осорхонаи  таърихии вилояти Суғд соли 1938 - 1713  адад  китоб мавҷуд бошад, он  соли  1954  ба 2165  адад  расонида  шудааст. Баҳри пешбурди фаъолияти кории китобхона саҳми китобдорон С.Ғаниева, М.Ашӯрова, М.Мамадҷонова, М.Абдуллоева ва дигарон хеле бузургу назаррас аст.

Баъди бунёди бинои кунунии Осорхонаи таърихӣ (2006) дар шафати он соли 2012 қисмати маъмурии осорхона сохта шуд ва алҳол китобхонаи илмӣ дар  яке аз бурҷҳои он ҷой гирифтааст. Китобҳои китобхона  вобаста  ба соҳаҳо ҷудо гардида, дар рафҳои  китобмонии ба талаботи  китобдорӣ ҷавобгӯ ҷойгиранд.  Дар  китобхонаи  илмии осорхона дастхатҳо,  китобҳои   нодир  аз чопи  сангӣ то нашрҳои  навтарин нигоҳ  дошта мешаванд. Алҳол ин  макон зиёда  аз 6205 адад  китобҳои  таърихӣ, адабӣ, бадеӣ, ҳамчунин 4000  маҷаллаҳоро дар  бар мегирад.  Дар фонди китобхона китобҳои нодиру қиматбаҳо, ки арзиши баланди таърихию фарҳангӣ доранд мавҷуданд. Инҳо:  луғатҳо, энсиклопедияҳо (нашри солҳои 1890-1904 иборат аз 82 ҷилд), китобҳои таърихӣ, бахшида ба давраҳои иҷтимоии таърихи халқамон, таърихи хоҷагидорӣ, санъати меъморӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва ғ. бахшида шудааст. Китобхонаи  илмӣ барои  гӯшаҳои намоишӣ, ки  дар  толори пазироии  осорхона  бахшида  ба  таҷлили ҷашнҳо ва  санаҳои  таърихӣ  ташкил мегардад, маводҳои ҷолибу  хонданбобро  пешниҳод менамояд.

Аҳли ҷомеаи осорхона-ходимони илмӣ, роҳбаладон ва ҳавасмандони китоб бо китобхона робитаи зич доранд ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ дар рафти фаъолияти корӣ аз адабиётҳои соҳавӣ-осорхонашиносӣ  ва асарҳои бадеӣ зиёд истифода мебаранд. Ҳамчунин аз рӯзномаву маҷаллаҳои обунагардида кормандон доимо бархурдоранд.

Аз соли 2012 то ин ҷониб ба фонди китобхона 131 адад китобҳои тозанашр ворид гардида, махзани китобхонаро боз ҳам ғанитар гардонидаанд: ба монанди «Эъҷози Раҳмон», «Адолатпаноҳ», «Иҷлосияи таърихӣ», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, «Рисолаи Сипаҳсолор», «Муқаддимаи камолшиносӣ» ва ғ.

 Ҳамчунин китобхонаи илмии осорхона бо китобхонаи вилоятӣ-оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои вилоят ҳамкории зич дорад.

Илова бар ин, китобхона бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст аст ва бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робита дорад.

Тӯли солҳои мавҷудияти хеш китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифативу иттилоотиро ба таври шоиста анҷом дода истодааст.

 

Аслиниссо Ёдгорӣ

Китобдори калони МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГанҷинаи ҳикмат
Scroll to Top