(бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо)
Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Ҳар миллате, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ мехоҳад боқӣ бимонад, бояд решаҳои таърихию фарҳангии аҷдоди хешро яке аз омилҳои муҳими пешрафти худ қарор бидиҳад, аз он сабақ бигирад ва дар ин асос барои наслҳои оянда заминаи бунёдии фарҳангию маърифатӣ ва иҷтимоиро ба мерос бимонад.
Осорхонаҳо дар ҷомеаи имрӯза, яке аз марказҳои асосии таърихӣ - фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи онҳо рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст. Осорхона метавонад, барои ҳар фарди миллат алалхусус, барои меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки миллатро бозгӯ намояд. Осорхона ин таҷассумгар ва муттаҳидкунандаи маданияти инсон, аз қадим то ба имрӯз мебошад.
Дар фазои осорхонаҳо одамон бо давраҳо, маданият ва шахсони бузург дар мусоҳиба мебошанд ва аз осори ҷамъкардашуда, ҳар як фард ба худ чизе мегирад. Агар дар асри XVIII бештари осорхонаҳо ба вучуд омада бошанд ҳам, вале дар асри ХХ чаҳонро «Авҷи музейҳо» фаро гирифта, дар аввали асри ХХI боз ҳам тараққӣ намуд.
Кашфиётҳои нави бостонӣ дар аксари мамлакатҳо гузаронида шуда, осори зиёде пайдо гардид, ки барои мукаммалу пурратар намудани коллексияҳои осорхонаҳо шароит муҳаё намуд.
Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» баёнгари таваҷҷӯҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои эҳёву обод намудан, ҳифзу гиромидошт, ғанӣ гардонидани осорхонаҳо, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони ватаниву хориҷӣ ва ба ояндагон ҳамчун мероси гаронарзиш боқӣ гузоштани иншоотҳои таърихиву фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Ин буд, ки санаи 23 августи соли 2006 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бинои осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардида, дар расми кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Осорхонаи таърихӣ ба умеде бунёд шуд, ки сокинони вилояти Суғд аз тариқи он бо таърихи куҳани миллатамон аз наздик ошно гарданд. Зеро огоҳӣ аз рӯзгори қадими халқи худ, ворид гардидан ба саҳифаҳои пурифтихори созандагиву қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурдаи миллат омили пуриқтидори тарбияи мардум дар рӯҳи ватандӯстиву худшиносӣ мебошад.”
Агар ба таърихи гузаштаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд назар афканем, онро бори аввал зиёии асил Ҳоҷӣ Мирзохоҷа Мирсобиров соли 1926 аз ҳисоби маблағҳои худ ва ашёҳои таърихии ҷамъкардаи хеш бунёд гузоштааст. Лекин дар даврони шӯравӣ осорхона бо сабабҳои гуногун чандин маротиба ҷой иваз намуда, макони аниқе надошт. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, осорхона соҳиби бинои замонавӣ гардид, ки ба тамоми талаботҳои осорхонавӣ ҷавобгӯ мебошад. Айни ҳол Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар масоҳати 1279,2 м2 қомат афрохта, толори намоишӣ ба ҳаҷми 1052,4 м2 мебошад. Он дорои 21 адад номгӯи мавзӯъҳо мебошад, ки таърихи халқи тоҷикро аз даврони қадим, аз асри санг то ба даврони истиқлолият фаро мегирад. Дар фонди осорхона бошад, то ин дам 22 897 адад ашёҳо нигаҳдорӣ мешавад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дорои панҷ шӯъба: шӯъбаи таърих, шӯъбаи таърихи давраи муосир, шӯъбаи дастхатҳо ва таъбу нашр, шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа ва шӯъбаи фонд иборат буда, кормандони илмии он пайваста кӯшиш менамоянд, барои рушди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон корҳои назаррасро ба анҷом расонанд. Дар радифи корҳои илмӣ тадқиқотӣ, корҳои оммавӣ фарҳангиро, дар ҳамкорӣ бо ахбори омма хуб ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бо қарори Ассамблеяи умумии Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM — International Council of Museums) аз соли 1977 инҷониб ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, низ ҳамасола дар ин рӯз чорабинии “Шабе дар осорхона” баргузор мегардад. Дар он шаҳрвандон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ройгон дидан менамоянд. Инчунин бо мақсади боз ҳам аз наздик шинос намудани мардум бо мероси бои фарҳангӣ, гиромидошти арзу суннатҳои миллӣ намоиши “Ретро автомобилҳо” ва “Нигораҳои нодир аз маъхаз”-и осорхона ташкил мегардад.
Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи фонди
МД “МФТ Қалъаи Хуҷанд”