Дар кишвари Тоҷикистони офтобрӯя оҳиста- оҳиста сармои гармӣ ҳукмфармо гардида истодааст. Дар хиёбону гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд , аз сабаби фаро расидани гарми гашту гузори сокинон кам ба назар мерасад. Шаҳрвандоне ки дар кӯчаҳои шаҳр рафту омад мекунанд, аз таъсири ҳавои гарм дар зери сояи дарахтон, назди фаввора ва ё ба воситаи яхмосу обҳои ташнашикан худро наҷот медиҳанд. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба чизи хунук бештар ба назар мерасад.
Дар асл, яхмос ё бастани як навъи ширинии яхкардашуда буда, асосан аз ширу шакар сохта мешавад. Яхмосро одатан дар истеҳсолот аз маҳсулотҳои шир, қаймоқ, равғани маска, шакар, моддаҳои хушбӯйкунанда ва ҳар гуна моддаҳои ғизоӣ, ки сифати муносиб дорад, истеҳсол мекунанд.
Зикр намуд, ки яхмос маводи серғизо буда, намудҳои гуногун ва ба худ ном дорад. Бештари онҳо қаҳваи яхмосӣ тиллогин мебошад, ки дар байни истеъмолкунандагон на танҳо кӯдакон, балки калонсолон дӯст медоранд, ки дар таркиби классикии яхмос ягон хатар вуҷуд надорад.
Дар ҳавои гарм асосан одамон дар навбати худ аз яхмоси хуштамъу болаззати хунук фикр мекунанд - кош ҳозир мебуд?
Қобили зикр аст, ки на фақат дар ҳавои гармӣ, дар Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои истироҳаткунандагон ҳангоми сайру гашту гузар, дар шомгоҳон нуқтаҳои растаи фурӯши обҳои рангоранги ташнашикан ва яхмосҳои тезтайёршудаи бомазза пешкаш карда мешавад , ки аз он ҳар кас метавонанд истифода барад. Имрӯзҳо дар боғи фарҳангӣ навъҳои гуногуни яхмосҳо бо номҳои анъанавии замони гузаштаро дидан мумкин аст.
Дар ҳақиқат , агар ба таърихи яхмоси истеҳсоли давраи шӯравӣ назар афканем , бисёре аз насли калонсолон хуб медонанд, чӣ гуна маззаву тамъи ширин дошт. Зикр намуд , ки соли 1937 бо ташаббуси наркоми саноатии хӯроквории СССР ( собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) Анастас Микоян истеҳсоли яхмос ба роҳ монда шуд. Аммо, дар кишвари Тоҷикистон инқилоби ҳақиқӣ дар истеҳсоли яхмос дар соли 1993 ба вуқуъ пайваст, яъне дар фурӯши яхмосҳои хориҷие пайдо шуданд, ки аз равғани растанӣ тайёр карда шуда буданд. Яхмосҳои хориҷӣ дар байни мардум маҳбубияти калон пайдо намуд, ки онҳо бо қуттиҳои равшану ҳаррангаву дилкаш басту банд карда шуда ба фурӯш гузошта мешуд.
Холо бошад, дар замони соҳибистиқлолӣ технологияи навро ворид намуданд, ки истеҳсолкунандагони ширкати ватанӣ низ гузаштаро аз худ намуданд. Метавон гуфт ба монанди яхмосҳои “ Пулиҷуқур” , “ яхмоси- 33”,”яхмоси 12-мкр” “ Дӯсти Алишер”, “ Раҳимӣ”, “Марҳабо”, “Почта”, “Хони Хуҷанд” ва дигаре, ки бо яхмоси равғани растанӣ гуногунтамғаву маззаҳои ширини истеҳсолотро хуб ба роҳ монда бо рақобатпазирӣ шуҳратёр гардидаанд.
Бояд гуфт, ки истеҳсолкунандагони ширкатҳои ватанӣ яхмоси хубро бо намудҳои чормағз ва қиёмҳои меваҳои ситруси оро медиҳанд, ки яхмоси болаззат нӯши ҷон аст.
Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд.