Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар қалъаи таърихӣ шашмақом садо дод

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори  Рӯзи Шашмақом,  дар саросари кишвари Тоҷикистони  азизамон, ҳамасола 12- май таҷлил мегардад.

Бояд зикр намуд, ки таълифи асари чандинҷилда дар бораи таърихи Шашмақом , мақоми давлатӣ  гирифтани ансамбли ба номи Фазлиддин Шаҳобов интихоби овозхонон аз миёни ҷавонони боистеъдод  дар қалъаи таърихӣ шашмақом садо дод.Дар ин санъати нотакрор саҳми ҳунармандонӣ мардумӣ Содирхон Ҳофиз, Маъруф Хоҷа Баҳодуров, Аҳмад Бобоқулов, Борис Наматиев, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, София Бадалбоева, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов,Ҷӯрабек Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Тулқун  Тоҷибоев, Насиба Абдуллоева, Абдумавлон Дадобоев ва даҳҳо пайравони ин жанри мусиқии асили тоҷикӣ бо садоҳояш  дар   қалби ҳаводорон ва  мухлисон ҷой гирифтааст. 

Бале, макони ин шоҳасар дар қалбҳо ҷой гирифтааст аз дил ба дил мегузарад. Ин шоҳасари мусиқӣ ва садои тамаддуни фарҳанг ва адабиёту санъати тоҷик нисбат дорад ва миллати бузургу фарҳангсолори моро дар арсаи ҷаҳон миёни давлатҳои мутамаддини олам муаррафӣ месозад.

Ба ин хотир бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, шохаи ҳунармандони санъат, зиёд намудани эҷодии он ва баланд бардоштани мақоми Шашмақом, тарғиби  анъанаҳои асили мақоми суннатӣ  ва мақомсароӣ  аз ҷониби шабакаи телевизони вилояти Суғд сабти  навор гирифта шуд.

Ёдовар шуд,  ки  Ансамбли давлатии “Шашмақом” соли 2000 бо Фармони  Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.

Ба туфайли соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон ин шоҳасари бостонӣ аз даврони бузургони илми адабиёту санъати мусиқии халқи тоҷик Борбад, Рӯдакӣ, Форобӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ,  Ҳилолию  Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо пешоҳангони ин санъати  безавол сарчашма гирифта ба  феҳрести шоҳасарҳои Созмони байналмиллалии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, соли 2008 санъати Шашмақом ба феҳрести мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид гардидааст.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар қалъаи таърихӣ шашмақом садо дод
Scroll to Top