Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баргузории чорабини бахшида ба иди Рӯзи Ғалаба

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 09 майи соли 2025 бахшида ба муносибати  80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”,  бо иштироки   Сергей Ланкин – консулгари  генералии  давлати  Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагони ташкилотҳои мухталиф, донишҷуён ва воситаҳои  ВАО   чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар  доираи ин чорабинӣ як қатор маърӯзаҳои табрикотӣ шунида шуд, ки аз ҷумла консулгари генералии кишвари Федератсияи Русия баромад намуда иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Ғалабаи бузург табрику муборакбод  намуда , дар хусуси дӯстиву бародарии робитаҳои  байни ду кишвари  Тоҷикистону  Русия ибрози ақида намуд. Дар идомаи сухан гуфт, ки дар давоми муҳорибаҳои даҳшатовари Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзандони сарсупурдаи миллати ватандӯсти Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили душманони ғаддод қаҳрамони нишон дода,  дар ғалабаи оламшумул бар фашизм  бо далелҳои мушаххас иштирокчиёни  фарзандони шуҷои  Ватанро дар муҳорибаҳои шадид ёдовар шуд.

Қобили зикр аст, ки бахшида ба ин рӯзи пурифтихори иди Ғалаба бо гузоштани асбобу лавозимотҳои ҳарбӣ ба монанди ошхонаи саҳроӣ ( полевая кухня) бо омода намудани таоми тезпаз шӯлаи марҷумак ( каша гречневая ) пешкаши меҳмонон ва сокинон гардонида шуд. Дар ин лаҳзаҳои муборак резиши форами об, ки аз шаршараи боғи истироҳатӣ равон мешуд ба дараи бемайлони шаршараи афсонавӣ  базми гавҳар мебахшид.

Зикр намуд, ки  дар қисмати  чорабинии мазкур намоиши фестивали автомобилҳои тамғаи модели барориашон гуногуни истеҳсоли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуданд. Ҳамзамон , сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз тамошои ретро- автомобилҳои “Зим”,  “ Газ – 67”,  Волга “Газ-21”, Волга “Газ-24”,  “ Победа”, “Москвич – 406”, “Москвич-412”,  Жигулиҳои ВАЗ “2101”, “2111”, “2103”,”2106” ва мотосикҳои “Ирбис”, “Урал”, ”Восход”,”Ява” инчунин намунаи пушкаи тӯппарони ҷангӣ, ки бо қувваҳои худашон ба ин ҷо омаданд,  сокинону меҳмонон тамошо намуда дар паҳлуяш истода барои хотира  аксбардорӣ намуданд. Бештари тамошобинон бо иҷозати соҳибони нақлиёт дар даруни автомашинаҳо нишаста  пур аз эҳсосоту ҳаловат ба  худ бардошт намуданд. Ҳоло автомашинаҳо дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд, ки моликони онҳо барои нигоҳдорӣ  бисёр заҳматҳои сахт кашиданд.

Сипас, дар қисмати бахши фарҳангӣ барномаи консертӣ бо табрикоти асили мусиқии ҳофизону устодони санъати тоҷик, донишҷӯёни коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо рақсу сурудҳои даврони ҷанг, ки таҷассумгари дӯстиву рафоқати халқу миллатҳо буд, анҷомбахши чорабинии идона гардид.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаргузории чорабини бахшида ба иди Рӯзи Ғалаба
Scroll to Top