Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дорандаи ҳар се ордени “Шараф”

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шумори он набардҳои таърихӣ қарор дорад, ки саҳифаҳои ҳастии он пур аз корномаи ҷасоратмандонаи фарзандони диловари ватан маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, каҳрамониҳои фарзандони тоҷик ҳам дар корзори ин ҷанги дар таърих аз ҷиҳати ваҳшоният беҳамто бо ҳарфҳои зарҳалин нақш бастааст.

Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 56 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Ордени “Шараф” ба ҷанговарон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои корнамоиҳои барҷастае, ки намунаи ибрат шуда метавонист – аввалин шуда, ба ҷои душман зада даромадан, анборро таркондан, офитсерро дастгир кардан, парчами ҷангиро наҷот додан, камаш даҳҳо душманро шахсан нест кардан, камбудиҳои сусти мудофиаи фашистиро ошкор намудан, наҷот додани рафиқон ва ғайра дода мешавад. Ордени “Шараф” се дараҷа дорад, ки аз онҳо нишони сарисинагии дараҷаи 1 тилло ва II ва III нуқра мебошад (нишони сарисинагии дараҷаи дуюм дорои медали марказии тиллоӣ мебошад). Тибқи муқаррароти фармон, мукофотҳо бояд бо тартиби қатъӣ аз дараҷаи паст боло дода шаванд.

Сарфи назар аз меъёрҳои хеле қатъии интихоби арзанда, тақрибан як миллион нафар ҷанговарони фронт ба ордени “Шараф”-и дараҷаи III, зиёда аз 46 ҳазор нафар ҷанговарон бо ордени “Шараф” дараҷаи II, рӯихати барандагони пурраи ордени “Шараф” 2656 нафар, аз ҷумла 4 нафар занон.

Дар маҷмӯъ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 14 нафар фиристодагони Тоҷикистон соҳиби комилҳуқуқи ордени “Шараф” гардиданд. Аз рӯи миллат : 3 нафар тоҷикон – П.Атоев, А. Мусоев, А. Рӯзиев; 5 нафар русҳо – И.М.Глушков, С.Н.Дубинин, А.В.Курышев, И.Нищев, М.Павленко; 5 узбек – А.Ғоибов, Р.Раҳмонов, А. Фармонқулов, Н.Ҳасанов, И.Хоҷамбердиев; 1 нафар қирғиз – Камаров Д.

Нахустин дорандаи пурраи ордени “Шараф” аз Тоҷикистон тоҷик Атоев Пӯлод буд.

Атоев Пӯлод 30 апрели соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Дар матбааи Ленинобод чопгар шуда кор мекард. 23 сентябри соли 1942 ба сафи Армияи Сурх даъват карда шуд. 16 декабри соли 1943 П. Атоев дар набард дар назди деҳаи Красноконстантиновка (вилояти Кировоград) бо як гурӯҳ разведкачиён дар паси хатти душман зада даромада, экипажи пулемётҳоро несту нобуд карда, 2 нафар аскари ярадорро аз майдони ҷанг наҷот дод. Ӯ бо ордени Шараф дараҷаи III мукофотонида шудааст (Орден № 30733). П.Атоев 5 феврали соли 1944 дар шимоли қишлоқи Котовка (райони Кировоград) бо як гуруҳ разведкачиён ба паноҳгоҳи душман зада даромада, 2 нафар аскарони душманро торумор карда, ҳуҷҷатҳои қимматбаҳоро ба даст гирифт. Вай шаби 17 феврали соли 1944 дар назди қишлоқи Байроқ бо як гурӯҳ разведкачиён се аскари немисро асир гирифт. Бо ордени “Шараф”, дараҷаи II (Ордени №1068) сарфароз гардидааст. 28 марти соли 1944 дар наздикии совхози “Богдановский” (вилояти Одесса) П. Атоев дар ҳайати гурӯҳи разведкачиён аввалин шуда, бо гранатаҳои худ 3 пулемёт ва 10 аскари душманро нест карда, шаш аскари душманро асир гирифт.

Атоев ва як гурӯҳ разведкачиён бо тири пулемёт то 300 нафар фашистонро пароканда карда, 4 нафарро асир гирифтанд. Бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 мукофотонида шудааст (Ордени №45).

Моҳи марти соли 1946 П.Атоев аз армия озод шуда, ба Ватан баргашт. Соли 1959 Донишкадаи омӯзгории Ленинободро (ҳозира Хуҷанд) хатм намуда, мудири кафедраи филиали дар Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) будаи Институти тадқиқотии иттилоотию техникӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Ленинобод шуда кор кардааст. Соли 1990 ба нафақа баромад. 12 декабри соли 2000 аз олам даргузашт. Мактаби №27  шаҳри Хуҷанд ба номи П. Атоев дода шудааст.

Исломова Сайфияхон - корманди
илмии шӯъбаи таърихи давраимуосири
МД "МФТ Қалъаи Хуҷанд" 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДорандаи ҳар се ордени “Шараф”
Scroll to Top