Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.

80-сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рӯи замин танинандоз гардид.

Ғалаба! Чӣ истилоҳи азизу пурқимат аст. Иди Зафаре, ки имрӯзҳо 80-умин солгарди он қайд карда мешавад, бар ивази ҷони супурдаи миллионҳо шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: “Рӯзи Ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувори шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст. Бо гузашти солҳо шукӯҳу шаҳомати Рӯзи Ғалаба дар қалб ва хотираи мо боз ҳам қавитар гардида, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии насли ҷавон нисбат ба собиқадорони ҷанг торафт бештар мегардад”.

Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945, вохӯрӣ  таҳти унвони “Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ барои пос нигоҳ доштани хотираи некӣ иштирокчиёни ҶБВ филми ҳуҷҷатӣ таҳти унвони “Саҳми Тоҷикистон дар Ғалабаи Ҷангӣ Бузургӣ Ватанӣ солҳои 1941-1945” пешкаш гардид ва баъдан Омири кулли муассиса Иброҳимов Иброҳим Сангинович ҳозиринро хайрамақдам ва бо рӯзи Иди Ғалаба табрик намуданд.

Дар чорабинии мазкур  меҳмонони фахрӣ:

  1. Биҳоҷал Раҳимова – собиқадори меҳнат, аз муваффақтарин бонувони Тоҷикистон, ки аз коргари оддӣ рушд карда, то ба вазифаи муовини сарвазири Иттифоқи советӣ расидданд. Ин зани пуртаҷрибаву рузғордида 2 маротиба муовини сарвазири ИҶШС таъин шудаанд. Биҳоҷал Раҳимова фарзанди давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.
  2. Усмонова Фароғат - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги  вилояти Суғд
  3. Шавкат Алиев – муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон
  4. Ғозиев Аҳмадҷон Бобоевич – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Хуҷанд.
  5. Қодирова Фотимахон – Раиси Иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Пас аз фарҷоми чорабини толори намоишӣ бахшида ба 80 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ солҳои 1941 – 1945 таҳти унвони “Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд” ифтитоҳи гардид.

Пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми ёди собиқадорони ҷанг қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммавӣ
фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи
таърихии МД "МФТ Қалъаи Хуҷанд"

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаҳрамонон ҳаргиз намемиранд
Scroll to Top