(Бахшида ба 9-майи Рӯзи Ғалаба)
Бале, вожаи калимаи “Ғалаба” чӣ маънои таъсирбахше аст, ки барои ҳамагон пас аз шунидан азизу ифтихоре дорад, ки бо ашки хурсанди қабул менамояд.
Шояд, оид ба лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аксарияти шаҳрвандон онро аз китобҳои саргузашти таърих, синамо ё кинофилмҳо, тариқи барномаҳои мухталиф борҳо намоиш медиҳанд, ки ҳар яки мову Шумо дидаем. Бояд гуфт, ки қаҳрамонони ҷангии филмҳои гуногун дар нақш бозиданд, онҳо ифодагари ҷонбозиву ҷасорат ва матонати ҷанговаронро инъикос мекунанд, ки тамошобин бо завқи баланд баҳогузорӣ мекунад. Дар ҳолати тамошои муҳорибаҳои ҷангӣ дар симои ҳар як қаҳрамонони ҷанговар падар, амак, бародар ё додару хеши ақрабои худро пеши назар меоварад. Зеро ки амалиёти онҳо дар майдони ҷанги бераҳмона шабеҳи ҷасорати ҷангии онҳоро нишон медиҳад.
Имрӯзҳо дар тамоми саросари мамолики собиқ шӯравӣ санаи 9-май “ Рӯзи Ғалаба”-и 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Олмони фашизм ҷашн гирифта мешаванд. Санаи таърихии 9-май ҳамчун рӯзи ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ( 1941- 1945 ) эълон гардидааст, ки дар кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва онро ҳамасола бо тантана ҷашн гирифта мешаванд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни бузурги Рӯзи Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишонаи арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъананҳои пуршарафи ҷангии ҷанговарони ҷасуру далер мебошад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи ҷанговарони 15 кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз мамлакати Тоҷикистон зиёда аз 250 ҳазор ҷавонони бонангу номус ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмин намудани рӯзи зафар ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намуданд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст доданд ва зиёда аз 57 нафар фиристодагони кишвари Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин буд , ки зиёда аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрвандони собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд.
Дар солҳои бисёр вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла мардумони меҳнаткаши кишвари Тоҷикистон бо заҳмату талошҳо бо шиори “Ҳама чиз барои фронт” амал намуда, дар таъмини ғалаба бар фашизми хунхор саҳми муносиб гузоштанд. Ҳар як фарди сокинони ватандӯст мехост камтар бошад, имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон саҳми худро қурбонӣ мекард. Лек , майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷанбаҳои ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистони азиз ҳазорҳо километр дур бошад, ҳам ба рӯзи соати ғалаба кӯмак мерасониданд.
Вале, бо вуҷуди ин садҳо ҳазор фарзандони тоҷики бо ору номуси кишвар, аз ҷумла вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан- модар рафта, ба даст яроқу аслиҳа гирифта паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллати ҳаммароми худ бар зидди фашизм ҷангида ғалабаи оламшумулро таъмин намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони Хуҷандӣ дар қатори дигар диловарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори дигар аскарон корнамоиҳои бемису монанд нишон дода сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштанд. Аз ҷумла , ҳамшаҳриёни азизи мо Раҳимов Абдуқодир иштирокчии ҶБВ муқовимати Фаронса, дорандаи ордени ҶБВ дараҷаи 1-ум ва “Боевой Крест”-и легиони Фаронса, нишони Маршал Жуков, Пулод Отаев ва Почобой Умаров сазовори се ордени дараҷаи “Шараф”-и ҷангӣ гардиданд, ки ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мебошад. Инчунин дар муҳорибаи шадиди ҷанги хонумонсӯз 21 нафар тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳоди Кенҷаев, Тӯйчӣ Эржигитов, Исмоил Ҳамзалиев, Якибов Ӯрунбек, Эргаш Шарифов, Саидқул Турдиев ва даҳҳо дигарон, ки баҳри дифои ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд бо некӣ ёдаш мекунем.
Бояд гуфт, ки иди ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин собитгари ҳамбастагии халқҳои дӯсту бародар, хизматҳои беназири таърихӣ, пирӯзи нерӯҳои солиму озодихоҳ бар қувваҳои истилогари фашистӣ мебошад.
Гузашта аз ин мутаассифона ҳар сол бо дарду алам мушоҳида карда мешавад, ки сол ба сол сафи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кам монда истоданд. Албатта, ин қарзи шаҳрвандии мо аст , ки эҳтироми собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо оварем. Вале, набояд фаромӯш кард, ки корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро наврасону ҷавонони кишвар на фақат дар арафаи Рӯзи Ғалаба , балки дар тамоми гузашти айём, дар раванду таълиму тарбияи меҳандӯстиву ҷавонмардию ҷасорат ҳамчун сабақи зиндагӣ муҳокима намоянд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”