Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи дави миллӣ дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ташаббуси Клуби  дӯстдорони  дави миллии   DAV.TJ  , санаи 03- майи соли 2025  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи  давлатии “Маҷмааи  фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, мусобиқаи  дави байналмиллалӣ Backyard UIra Tajkjstan  баргузор гардид.

Чорабинии мусобиқаи  мазкур  дар маркази вилояти  Суғд, шаҳри Хуҷанд соати 7:00  аз боғи фарҳангӣ оғоз гардид, ки аз рӯйи масири нақшаи муайянгардида  6706 метрро ташкил  медод, ки варзишгарон ба он омода буданд. Воситаҳои аёнии шиору плакатҳо ва баннерҳо марбут ба чорабинии мусобиқа ба ҳусни боғи истироҳатӣ боз ҳусни тозаи нав мебахшид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Клуби дӯстдорони дави DAV.TJ тарғибкунандаи  тарзи ҳаёти солим равона гардида , бо ин мақсад ҳаммаслакони гуногункасбу синни соли гуногунро сарҷамъ менамояд. Яъне давидан яке аз намудҳои асосии варзиши сабук ба ҳисоб рафта , нафароне бо ин намуди варзиш машғул ҳастанд чусту чолок, ҷасуру моҳир ва тавоно мегарданд. Инчунин аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани шахс аҳамияти бузург дорад.

Зикр намуд, ки таи чанд сол дӯстдорони дав дар мусобиқаҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, кишвари Тоҷикистонро дар сатҳи дӯстдорони дави байналмиллалӣ муаррифӣ карда истодааст. Давидан на танҳо барои саломатӣ , балки барои муаррифии давлат низ зарур аст.

Метавон гуфт, ки  мусобиқаҳои давҳои мунтазами ҳарҳафтина дар шаҳрҳои Душанбе, Тошекнт, Белгород, Набережние Челни ва инчунин дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда истодааст.

Дар   мусобиқаи дави Backyrd UItva Tajikstan  намояндагони  давлатҳои Федератсияи Русия, ИМА, Канада, Великобритания, Эрон,  Покистон, Узбекистон ва Тоҷикистон  дар маҷмуъ 142 нафар иштирокчиён  ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи дави Backyrd Uitra ҳамасола  дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон гузаронида мешавад.

Мақсад ва ҳадафи баргузории мусобиқаи мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим , рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммияти он байни шаҳрҳвандон мебошад.

Бояд гуфт, ки дӯстдорони   дави миллӣ  тайи чанд сол мешавад, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона  иштирок намуда, сафи  аъзоёнаш меафзояд.Яъне  ҷалб намудани наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани савияи маҳорати варзиш равона гардидааст.

Иштирокчии дави байналмиллаӣ  аз кишвари Ҷумҳурии Узбекистон,  Лопасов Мангуберди  гуфт, ки варзиш моро мутаҳҳид ва сарҷамъ менамояд, чунки варзиш сарҳад надорад. Ман аз боду ҳавои тозаи дарёи Сир бисёр ҳаловат бурдам. Шаҳри Хуҷанд, шаҳри   орому дӯстпарвару меҳмононавоз ҳастанд.

Ман Ирина  Погодаева  аз давлати  Федератсияи Русия шаҳри Москва  омадам, ки тайи  даҳ сол мешавад, ки бо ин варзиши сабуки дави марафон  машғул ҳастам. Дар кишварҳои Санк-петербург, Дубай ва Арабистони Саудӣ будам,  ки аллакай зиёда  чандин км масофаро тай намудам. Аз ростӣ бори аввал дар шаҳри меҳмоннавози Хуҷанд ҳастам. Гарчанде ки аз дигар давлатҳо дидан намуда бошам, шаҳри Хуҷанд бо боду ҳавои тозаи дарёи Сир басо хуш омад. Бисёртар ба ман боғи фарҳангию фароғатӣ маъқул шуд , ки боғи беҳтарин   бо гулу гулбуттаҳои рангорангаш касро  хело  мафтун мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки масофаи дави байналмилалӣ 6706 метрро ташкил  дода, иштирокчиёни дав бояд дар муддати на кам аз 60 дақиқа тай кунанд. Баъди гузаштани ҳар 60 дақиқа дави навбатӣ оғоз мегардад ва он то мондани як иштирокчие, ки давро дар чаҳорчӯбаи 60 дақиқа ба анҷом мерасонад ва то муайян гардидани ғолиб давом  мекунад.

Дар фарҷоми натиҷаи мусобиқа доварон иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибонро муайян намуда бо туҳфаҳои  хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар шуд , дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 2024 дар шаҳри Душанбе бомуваффақият гузаронида шуда, ғолиб 16 марҳила , яъне 107,3 км- ро таи 16 соат тай намуда буд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи дави миллӣ дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top