Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чорабинии бузурги идона доир гардид. Ҳанӯз аз субҳи барвақт ин макон идҷойи воқеиро мемонд. Дар растаҳои гулпӯши Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ намоиши гӯшаи табиати зинда, «Шаҳраки саломатӣ» бо аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, маҳсули меҳнати дастии муҳассилини макотиби вилоят ташкил гардида буданд, ки тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб мекарданд.

Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои табрики кӯдакону наврасон ба маҷмаа ташриф оварданд. Раиси вилоят бо ҳамроҳонашон аз гӯшаҳои намоишӣ дидан намуда, бо маҳсули дасти кӯдакону наврасон шинос гардиданд. Зимни шиносоиҳо ғолибони як қатор озмунҳо ва беш аз 500 нафар кӯдаконе, ки меҳмононро бо қироати шеъру таронаҳо ва пешниҳоди саҳначаҳои ҷолиби диққат дар мавзӯъҳои гуногун истиқбол гирифтанд, соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Раиси вилоят кулли кӯдакону наврасонро табрик гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби истеъдодҳои ҷавони вилоят барномаи ҷолиби фарҳанги манзури ҳамагон гардид.

Хусусан тамошои афсонаҳо дар иҷрои ҳунармандони театри лӯхтак мақбули кӯдакон гардид. Ҳунарнамоии дорбозон бошад ба чорабинӣ шукӯҳи дигареро зам намуд. Саёҳати мардуми Хуҷандшаҳр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ тамоми рӯз идома ёфта, сурудҳои дилнишини кӯдакона аз радиои маҷмаа фазои ин макони зебову дилороро пурра мегардонд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон
Scroll to Top