Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ОСОРХОНАИ БОСТОНШИНОСӢ ВА ИСТЕҲКОМОТИ ШАҲРИ ХУҶАНД

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шаҳри Хуҷанд аз замонҳои қадим яке аз маъмултарин шаҳрҳои тараққикардаи Мовароуннаҳру Хуросон ба шумор мерафт. Муаллифони асрҳои миёна ва ҷуғрофидонҳои Шарқу Ғарб шаҳри Хуҷандро дар радифи шаҳрҳои Балху Бухоро ва Самарқанд номбар кардаанд. Мувофиқи бозёфтҳои бостоншиносон Хуҷанд 3-ҳазорсола буда, таърихи моддии он дар нигораҳои Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд инъикос ёфтааст.

Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд 27 ноябри соли 1986 ифтитоҳ гардид. Бинои аввалини осорхона дар шафати девори шарқии қалъа ҷойгир буд. Ташаббускори ташкили ин осорхона бостоншиноси маъруф, академик Н.Н.Неъматов буда, дар таъмир ва ороиши он саҳми меъморон А.Абдуллоҷонов, Р.Одинаев ва дигарон басо калон мебошад.

29 ноябри соли 1986 осорхонаи навбунёд толори намоишгоҳи худро барои бинандагон боз намуд. Бунёди бинои осорхона ва ба фаъолият оғоз намудани он як рўйдоди муҳими таърихӣ ва падидаи барҷастаи фарҳангии рўзҳои ҷашни 2500-солагии Хуҷанд гардид. Бояд  қайд намоем, ки ин осорхона якумин осорхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки пурра ба археология бахшида шудааст ва ҳамаи нигораҳои он  дар натиҷаи ковишҳои археологии бостоншиносони тоҷик дар худуди шаҳри Хуҷанд ба даст омадаанд.

Бо кўмаки кормандони Пажуҳишгоҳи таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар осорхонаи археологияи Хуҷанд экспозитсияи доимамалкунанда  ташкил карда шуд. Фонди Осорхона дорои зиёда аз 1000 нигора буд.

Шумораи тамошобинони осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд хеле зиёд буд. Хусусан, дар рўзҳои таътил ва идҳо хонандагони макотиби шаҳр ва ноҳияҳои вилоят барои тамошои осорхона меомаданд.

Дар ибтидои фаъолияти осорхона имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию тадқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуд буданд. Солҳои 1987-1992 кормандони илмии осорхона дар тадқиқоти мавзеҳои Хуҷанд фаъолона иштирок карда, асарҳои илмӣ низ ба чоп омода намуданд.

Ҳамаи нигораҳои осорхона аслианд. Ин ҳам арзиши экспозитсияи Осорхонаро баланд менамояд. Зеро маҳз таъсири зеҳнию равонии нигораҳои аслӣ ба тамошобин бештар буда, кас худро дар олами таърихӣ ҳис менамояд. 

Солҳои 1996-2010 дар бинои Осорхонаи археология ва фортификатсияи Хуҷанд Маркази илмии гуманитарии ЮНЕСКО-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир шуда буд, ки ин ҳам барои пешрафти фаъолияти илмии Осорхона таъсири худро расонид.

Ба чоп расидани ду роҳнамои Осорхона ба забони русӣ ва забони англисӣ маҳсули мухтасари фаъолияти илмии кормандони осорхона буда, ҳамчун тўҳфае барои тамошобинони Русия, мамлакатҳои хориҷи дуру наздик пешкаш гардид.

Аммо аз сабаби бад шудани вазъияти молиявии донишгоҳ  фаъолияти осорхона кохиш ёфт. Шумораи тамошобинон низ хеле кам гардид. Фаъолияти он танҳо дар гузаронидани саёҳатҳою вохўриҳо танҳо дар ҳайати гурўҳҳои алоҳидаи донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқ маҳдуд буд.

Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таҳти №918  аз  25 декабри соли 2015  Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот ба мувозинаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» гузаронида шуд.

Зарурати аз нав барқарор ва муҷаҳҳаз намудани Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот ба миён омад. Бинои осорхона аз сабаби солҳои тӯлонӣ хизмат расонидан ба мардум ниҳоят фарсуда шуда, экспозитсияи толорҳои намоишии он ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ набуд.

Бинобар ин кормандони муассиса азм карданд то бинои осорхонаро таъмир намуда, экспозитсияи толори намоишии онро ба таври замонавӣ аз нав барқарор намоянд ва ҳуҷҷатҳову маводҳои бостоншиносони маъруфе, ки дар ин мавзеъ фаъолият намудаанд, ба маърази тамошо гузоранд. Бо ин мақсад нақшаи мавзӯии экспозитсияи намоишӣ аз нав таҳия шуда, барои баррасӣ ба Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод гардид ва тасдиқи худро ёфт.

Ҳоло Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот аз чунин бахшҳо иборат аст: «Муалифони кашфиёти археологӣ», «Бозётҳои археологии ҳазорсолаи якуми то мелод ва баъди мелод», «Хуҷанди асримиёнагӣ», «Хуҷанд-асрҳои XVIII-XX», «Лаҳзаи ҷашнгирии 2500-солагии Ленинобод».

Қисмати асосии нигораҳои ин осорхонаро сафолот ташкил мекунад, ки давраҳои таърихии шаҳри Хуҷандро инъикос мекунанд. Инчунин дар толори намоишии осорхона осори моддии ниёгонамон, аз ҷумла сангҳои сари қабр, лавҳаҳои катибадор ва амсилаи бинои таърихии маъмурии Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ ва Қалъаи Хуҷанд ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҳама нигораи диққат ҷалбкунандаи осорхона ин нақшаи қабатҳои мадании Қалъаи Хуҷанд мебошад, ки дар он буриши дарозноки пешрӯи девори қалъа мушоҳида карда мешавад ва дар руйи қоғаз бо амали дастӣ тасвир ёфтааст.

Ҳар як нигорае, ки дар намоиш гузошта шудааст, бо нигораи дигар аз ҷиҳати пайдарҳамии таърихӣ ва даврабандӣ дар робита ва бо мазмун наздикӣ дорад. Дар ороиши бахшҳо матнҳои тавзеҳӣ, зернавиштҳо, нақшаю харитаҳо ва дигар маводи ба ҳам марбут истифода шуданд.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин осорхона низ баъди таъмир ва аз нав барқароршавӣ дари худро ба рӯи ҳаводорони таърих боз намуд.

Мо бо боварии комил гуфта метавонам, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки як ҷузъи Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ҳисоб меравад, дар оянда барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООСОРХОНАИ БОСТОНШИНОСӢ ВА ИСТЕҲКОМОТИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Scroll to Top