Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии”Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим” дар Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаҳои 16-19 уми апрели соли 2025, чорабиниҳои маросими  ифтитоҳи  Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии “Суғд- чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим”,  дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар доираи ҳошияи идомаи  барномаи чорабинии форуми мазкур ҳайати гуруҳи меҳмонон  ва иштирокчиён  барои гузаронидани тренинг- машварати корӣ  дар толори калони Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”,  ҳамоҳангсозии Форуми дуюми  байналмилалии сайёҳии “Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим” сарҷамъ омаданд. Дар  робитаи  ҳамкории форуми байналмилалии сайёҳӣ, беш аз 100 нафар намояндагони  давлатҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Белорусия, Федератсияи Русия, инчунин намояндагони консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, пеш аз оғози барномаи чорабинии форуми мазкур  меҳмонон аз бинои боҳашамати қалъаи таърихии толорҳои намоишӣ бо ҳамроҳии  Мутрибахон Мамадҷонова - роҳбалади ботаҷрибаи муассисаи мазкур  боздид ба амал оварданд. Зимни боздид, эҳсос гардид, ки меҳмононро бештар маводҳои  ҷамъоварии ашёҳои нодири таърихию фарҳангии миллати тоҷик, кундалкорӣ, нақшу нигори қадима, наққошӣ, санъати миллии меъморӣ , вобаста  ба ҳаёту фаъолияти олимони  Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот  гирдоварӣ шудааст,  ба худ ҷалб намуд. Дар идомаи боздид меҳмонон ва иштирокчиён аз растаҳои  барҳавои ҳунармандони мардумӣ  аз ҷониби намояндагони  муассисаи донишкадаҳои олӣ  ва ширкатҳои мухталифи шаҳру навоҳии вилоят ,  ба монанди шабакаҳои алоқаи   мобилии “ТСЕЛ”, Бонкҳои  миллии хизматрасонии  “Арванд”,  “Имон- интернешнл”, КВД “Осоишгоҳи Шифо”, навъу намуди зиёди маҳсулотҳои  ҶДММ ”Фаровон”, гӯшаҳои мусаввара, ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорону меъморӣ,  қуроқдӯзӣ,  мӯҳрабофӣ,  санъати мисгарӣ ва карнайсозӣ, кордсозӣ, кулолгарӣ,  сабадбофӣ,  гӯшаи сайёҳии итилоотӣ, либосҳои ҳунарҳои миллӣ, арғумонҳои гуногуни  дастибофт , модул- отел (меҳмонхонаи сайёр) ва дигаре   баҳри намоиш  гузошта  буданд, шинос гардиданд.

Сониян  дар  Чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”,  барои меҳмонон ва иштирокчиён  дар нимаи нисфирӯзи сари як пиёла чой дастурхони ваҳдат кушода шуд. Онҳо бо тарзу  урфу одати тоҷикона, нақшунигор, санъати тасвирии нотакрор ва эҳёгари тамаддуни халқи тоҷиконро инъикос менамояд, оид ба фарҳангӣ бойи пурғановати миллати тоҷик маълумоти бештар  пайдо намуданд.

Бахшида ба  идомаи рӯзи дуюми кори форуми мазкур дар  макони таърихию фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанд, ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ  ин иштирок ва ташкил намудани хӯроки нисфирӯзӣ  (фуршет)  барои  меҳмонон ва   иштирокчиёни Форуми  дуюми байналмилалии сайёҳӣ аз ҷониби ошпазҳои моҳир пухтани таомҳои миллӣ “мастер-класс”, тарзи омода ва реза намудани маҳсулотҳои ғизоии оши бурида, оши палови тоҷикона, пухтани самбӯсаҳои алафину гӯштин, нону кулчаҳо,  газакҳо, кабудиҳову сабзавотҳо, ширинию меваҳо, чойи кабуд, нӯшобаҳои ташнашикан  ва дигар намуди таомҳои болаззат пешкаши меҳмонон  гардиданд.

Мақсади  баргузории  форуми пешбинишуда ин пеш аз ҳама  муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва  афзалият бахшидани соҳа  дар кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим  ва инчунин фароҳам овардани  таҷрибаи сайёҳӣ,  равнақ бахшидан ва гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи самтҳои сармоягузорӣ равона гардида буданд.

Зикр намуд, ки  дар форуми байналмилалии сайёҳӣ намояндагони роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ меҳмонон , роҳбари маркази иттилоотӣ ва сайёҳии байни  кишвари Тоҷикистон - Фаронса дар шаҳри Хуҷанд ва  дигар  шахсони масъули соҳаи сайёҳӣ  иштирок  варзиданд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани форуми мазкур ин  афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нави байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳо, рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷрибаҳои назарраси байни кишварҳо пешбинӣ гардидааст,  баррасӣ  шуданд.

Ёдовар шуд, ки дар Қалъаи таърихии Хуҷанд  муҳокимаи иштирокчиён ва натиҷабардории ҷамъбасти Форуми  дуюми байналмилалии сайёҳии “Суғд- чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим”,  музокироти байни шарикон, баимзорасонии меморандум ва шартномаҳои  ҳамкорӣ ба анҷом расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷамъбасти  форуми мазкур ҳамчун фашанги идоракунии мустақим ва барои  баланд бардоштани сатҳи дараҷаи ҳамкории субъектҳои маърифатнокии байни кишварҳои мухталиф барои замина гузоштан дар  соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.


Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФоруми дуюми байналмилалии сайёҳии”Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим” дар Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top