
(18 апрел - Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ)
Миллати куҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рушангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.
Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳими иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар ва саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқ давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басо пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихор ва дурударози хеш фарҳангу тамаддунҳое офаридааст, ки нишонаҳои онҳо новобаста аз он, ки имрӯз дар ҳудуд ё осорхонаҳои кадом кишвар маҳфузанд, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол навбунёди ӯ дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд.
Дар замонҳои баъдинаи таърихӣ аз асри биринҷӣ оғоз намуда, то асрҳои миёна аҷдодони тоҷикон ба ҳамаи фоҷиаҳои таърих тоб оварда, фарҳангҳо офаридаанд ва аз худ он қадар мероси гаронбаҳое гузоштанд, ки то ба имрӯз ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Дар ҳақиқат он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидааст сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад.
Ин ёдгориҳо ҳамчун мероси гузаштагон дар шаклҳои гуногун моддӣ ва ғайримоддӣ, манқул ва ғайриманқул то замони мо расида, сарчашмаи мӯътамад ва шаҳодати бевосита аз офаридаҳои гузаштаи ин халқи барӯманд мебошанд. Дастовардҳои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим дар шаклҳои хоси хатнависӣ, санъати тасвирӣ, шаҳрсозӣ, меъморӣ, кулолӣ, хоҷигидорӣ, шишасозӣ, заргарӣ, рехтагарӣ ва дигар шаклҳои санъати ҳунармандӣ ба мерос мондаанд, ки ҳангоми кофтуковҳои археологӣ ва дигар омӯзишҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди шаҳрҳои қадимаи тоҷикон падид омадаанд.
Соли 1954 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти давлатҳои Конвенсияи Гаага шомил гардида, моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна ба ЮНЕСКО аъзо гардид, ки ин нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар минтақа балки ҷаҳон хеле баланд намуд. Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ 18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маъхазҳои муътамади таърихию бостонӣ бар он талош дорад, ки мақому мартаба ва маърифати аҷдодони хешро, ки асрҳои зиёд дар бойгонии таърих ба фаромӯшӣ рафта буданд, бори дигар эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Зимомдори чунин сиёсати фарҳангсолорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бунёд, таъмиру тармими осори таърихии халқи куҳанбунёдамон яке аз мавзӯъҳои меҳварии сиёсати Сарварии муаззами кишвар мебошад. Воқеан, бо истифода аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар, муаррифии арзишҳои волои миллӣ айни мудаост.
Бо мақсади рушду нумӯъ ва тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои ғайримодии миллии фарҳангӣ Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли охир барномаи ҷолиб қабул намуд. Қабул гардидани барномаҳои “Барномаи давлатии инкишофу фарҳанг барои солҳои 2008- 2015”, ”Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2009-2015”, “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019- 2021” махсус қабул гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2020 бевосита бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои миллат 5500 - солагии шаҳри қадимаи Саразм ва 700- солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ба силсилаҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуда, он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Татбиқ ва амалӣ намудани “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ” имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати обектҳои мероси таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда бештару беҳтар гардиданд, ки ин дар навбати худ афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ таъмин менамояд. Зимнан бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.
Хоҷаева М. - мудири шӯъбаи таърихи давраи
муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”