Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – вазифаи муқаддас

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Миллати куҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рушангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.

Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдодони худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад. Бинобар ин он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидааст, сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад.

Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳимми иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад, зеро ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар ва саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқ давлат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Аз ҷумла, халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басо пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихор ва дурударози хеш фарҳангу тамаддунҳое офаридааст, ки нишонаҳои онҳо новобаста аз он, ки имрӯз дар ҳудуд ё осорхонаҳои кадом кишвар маҳфузанд, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол навбунёди ӯ дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд.

Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО ҳамасола бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳон барои ҳифзи мероси умумибашарии фарҳангӣ 18 апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад.

Воқеан ҳам, омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар мебошад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ба мероси таърихию фарҳангии кишвари мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.  Аз ин ҷост, ки истифодаи мероси таърихию фарҳангии кишвар дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши басо муҳим ва сазовор мегузорад. Имрӯз дар кишвар тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ вуҷуд доранд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ёдгориҳои манқул ва ғайриманқулро фаро мегиранд. Ёдгориҳои ғайриманқул аз ёдгориҳои таърихӣ - биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳову обидаҳо, ёдгориҳои археологӣ, ғорҳо, қароргоҳҳо, шаҳрҳо, хоктеппаҳо, боқимондаҳои мавзеи сукунати қадимӣ, истеҳкомҳо, системаҳои обпартоию обёрӣ, роҳу купрукҳо, қалъаҳо ва қурғонхои алоҳида; офаридаҳои якояи инсону табиат, ҳамчунин минтақаҳо, аз ҷумла ҷойҳои маскунияти қадимӣ мебошанд, ки аз нигоҳи таърих, бостоншиносӣ ва антропология арзишманданд ва аҳамияти калони илмиву амалӣ доранд. Ёдгориҳои манқул аз объектҳои ягона - бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадимӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеӣ (мусаввараҳо, графика, санъати амалӣ, кино ва суратнигорӣ) иборатанд, ки дар осорхонаҳо, фондҳо, китобхонаҳо, анборҳо, коллексияҳои гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ маҳфуз дошта мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Ҳамасола дар паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро  ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Маҳз бо дастуру супоришҳои сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд.

“Барномаи давлатии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

Дар ин раванд осорхонаҳо ҳамчун марказҳои нигоҳдорӣ, омӯзиш ва намоиши мероси фарҳангӣ хидмат мекунанд ва бо воситаи намоиш ба мардум пешкаш намудани маълумотҳо ба таври аёнӣ ва дар ин замина вусъат додани тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ мебошад. Ин аст, ки айни ҳол дар фонди  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 17 418 адад дар фонди асосӣ ва 5479 адад дар фонди ёрирасон дар умум 22 897 адад экспонатҳо ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Танҳо дар соли 2024 ба фонди осорхона 269 адад экспонатҳо ворид гардидааст.

Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи
фонди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи ёдгориҳои таърихӣ – вазифаи муқаддас
Scroll to Top