"Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад."
Эмомалӣ Раҳмон
Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ инъикосгари гузашта, ҳуввият, ва маданияти ҳар як миллатанд. Онҳо на танҳо нишонаҳои гаронбаҳои фарҳангӣ, балки воситаҳои омӯзиши таърих ва рушди маънавии наслҳои оянда ба ҳисоб мераванд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.
Барои ҳар давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳими иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад. Воқеан таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон аст.
Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз шаҳри бостонии Хуҷанд ва ёдгориҳои меъмориву таърихии он аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад ва ҳамчун нодиртарин мероси фарҳангӣ ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ дар маҷлисгоҳи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихӣ-ҷузъе аз сарнавишти миллат” баргузор гардид.
Чорабини бо сухани ифтитоҳии Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” оғоз гардид.
Дар имрӯза чорабинӣ намоянда аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба ҳифзи таърихию фарҳангӣ Ҷӯразода Набӣ, аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, донишҷӯ-таҷрибаомӯзони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Хуллас, ёдгориҳои сершумори таърихиву фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷиконро тасдиқ намуд, ки танҳо соли 2023 - юм 15 ёдогории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ ЮНЕСКО дохил гардид.
Сайфиева Шарифахон – мудири шӯъбаи оммави
фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"