
(18-апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ).
Ҳар як халқи ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст ва халқи тоҷик ҳамчун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хосаи худро дорост. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.
Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳими иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар ва саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқу давлат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Аз ҷумла, халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басо пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихор ва дурударози хеш фарҳангу тамаддунҳое офаридааст, ки нишонаҳои онҳо новобаста аз он, ки имруз дар ҳудуд ё осорхонаҳои кадом кишвар маҳфузанд, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол навбунёди ӯ дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор мераванд.
Дар замонҳои баъдинаи таърихӣ аз асри биринҷӣ оғоз намуда, то асрҳои миёна аҷдодони тоҷикон ба ҳамаи фоҷиаҳои таърих тоб оварда, фарҳангҳо офаридаанд ва аз худ он қадар мероси гаронбаҳое гузоштанд, ки то ба имрӯз ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Дар ҳақиқат он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидаанд сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад.
Ин ёдгориҳо ҳамчун мероси гузаштагон дар шаклҳои гуногун-моддӣ ва ғайримоддӣ, манқул ва ғайриманқул то замони мо расида, сарчашмаи мӯътамад ва шаҳодати бевосита аз офаридаҳои гузаштаи ин халқи барӯманд мебошанд.
Саразми шаҳри Панҷакент яке аз нодиртарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, соли 2010 ин ёдгории 5500-сола ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳанги ЮНЕСКО ворид гардид. Саразмиён дар ҳамбастагӣ бо дигар марказҳои мадании Ориёноии аҳди қадим дар Осиёи Марказӣ он тамаддунеро ба вуҷуд оварданд, ки дар радифи тамаддунҳои бузурги шарқи қадим меистод ва минбаъд асосе гардид, ҳамчун барои пайдоиш рушди фарҳангу тамаддунҳои дигар қавмҳои ин сарзамин.
Яке аз паҳлӯҳои муҳими сиёсати давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, ошно намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои тоҷикон дар ин ҷода мебошад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 декабри соли 2011 таҳти рақами № 577 “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” қабул гардид, ки дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқамон маблағҳои муайян пешбинӣ гардиданд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон имкон пайдо намуд, таърихи бою рангин ва фарҳанги куҳанбунёди худро ба оламиён муаррифӣ намояд.
Дар тӯли 10 соли охир 7589 адад ашёҳои бозгӯи таъриху фарҳанги ниёгон ба осорхона қабул гардиданд, ки 17418 адад ба фонди экспонатҳои асосӣ ва 5479 адад ба фонди экспонатҳои ёрирасон қабул карда шуданд. Алҳол экспонатҳои фонди осорхона 22897 ададро ташкил медиҳад.
Як қисми ёдгориҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба номаоиш гузошта шудаанд, ба монандӣ: хумҳои асрҳои VII-VIII, ёдгориҳои Панҷакенти қадим аз он ҷумла Саразми қадим хиштҳои хом ва олотҳои сангии ҳазорсолаи IV-III пеш аз мелод экспонатҳои бостоншиносӣ: мустахора тааллуқ ба асрҳои IX-X, симобкӯзачаҳо асрҳои IX-XII, ҳайкалчаи сафолӣ(теракота) асрҳои V-VIII, дафинаи сиккаҳо тааллуқ ба асрҳои XI-XVI ва сиккаҳои асрҳои гуногун ҷамъоварӣ карда шудааст, ба намоиш гузошта шудааст.
Бояд зикр, намоям бо шарофати истиқлолияти давлати корҳои ҳафриётию омӯзиши дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ва атрофи он бо маром идома ёфта, дар натиҷа ба дастовардҳои назарраси бостоншиноси ноил гардида, тамоми ашёҳои дарёфтгардида ба фонди осорхона қабул карда шуд, дар толори навбунёди бостоншиносии Қалъаи Хуҷанд бо риояи даврабандии хронологи ба маърази тамошо гузошта шуд.
Аз ҷониби кормандони илмии осорхона ҷиҳати омӯзишу таҳлили ин бозёфтҳо бо бостоншиносони давлатҳои хориҷа ҳамкори ба роҳ монда шуда, як миқдори муайяни нигораҳо барои таҳлил ба давлатҳои хориҷа фиристода шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати сайқал додани дониш кормандони илмии осорхона ҳамасола ба экпедитсияи омӯзиши ба сафарбар карда мешаванд. Аз ҷумла соли 2024 корманди илми осорхона ба экспедитсияҳои Панҷакенти қадим, Арки Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, “Кофирқалъаи” ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Хисораки” ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ, ёдгории “Карони” ноҳияи Дарвоз, мавзъи таърихии назди деҳаи Чамансори кӯҳи Мевағул ва ғайраҳо ширкат варзид, ки натиыаи он дар нашриётҳои даврӣ ва маҷаллаҳои соҳавӣ ба табъ расиданд.
Инчунин мавриди зикр аст, ки обеъктои сохташавандаи ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои нарасонидани осеб ба ёдгориҳои таърихи аз ҷониби роҳбарияти муасисса назорат карда шуда, ба ин объектҳо мутахассисони соҳа вогузор гардидаанд, ки мисоли равшани он ин бозёфти қабри зани ба асрҳои III-V мелодӣ таълуқдошта ва бозёфтҳои ашёҳои гуногуни таърихӣ аз бадракҳои дар мавзеъи собиқ меҳмонхонаи “Тавҳид”, ки ҳоло бинои бисёрошиёнаи истиқомати сохта шуда истодааст, ки амсоли ин гуфта бисёранд.
Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандӯстонаи ҳар як корманди осорхона мебошад.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи
таърихи МД “МФТ”Қалъаи Хуҷанд”