Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парандаи хушовоз

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, бедона парандаи хушовоз буда, аз гунҷишк калонтар мебошад ва шавқмандону мухлисон онро сайд мекунанд, ки  барои овози форам ё ҷангӣ буданаш  дар манзилҳои худ парвариш ва   нигоҳ медоранд. Умуман, парандагону ҳайвонот  дар табиат барои  ҳаёти инсон нақши муҳиме мебозад. Баъзе аз онҳо фоидаовар буда, бе онҳо инсонҳои ашаддӣ  ҳаёти солими худро тасаввур намуданашон ғайриимкон аст,  ба монанди чорвоҳои  хонагӣ, аспҳои зотӣ, моҳиёни шикорӣ, парандаҳои хонагӣ, занбӯри асал ва бисёр намудҳои дигар метавон номбар кард.

Илова  ба ин парандагон  дар табиат ба  ҳаёти рӯзгори инсон аҳамияти эстетикӣ дорад. Метавон гуфт, ки хониши булбул, саъба, тӯтӣ, кабк, бедона, кабӯтар ва даҳҳо намуди дигари парандаҳо ба инсон ҳаловати руҳӣ мебахшад. Аз ин сабаб инсон бо ҳайвоноту парандагон дар тамоми ҳаёташ робитаи зич дорад.

Дар сафи синфи парандагон бедона яке аз парандагони зеботарини табиат  ба шумор меравад, ки дар парвозу ҳушёрӣ нисбат ба дигар парандагони хушхон бартарӣ дорад. Барои нигоҳбини ва парвариш намудани бедона  дар байни мардум донишу малакаи таҷрибаҳои бой зиёд мавҷуданд. Ҳатто бовару эътиқод, бисёр ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба бедона миёни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бедона зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад, ки садои форами ҷарангосаш  онҳоро  дар ҳавлиҳои худ ба  дорҳои баланд мекашиданд, ки бисёриҳоро бо овозаш  мафтуни худ  мегардонд. Ба гуфти нафароне ки бедонаро хубтару бештар мешиносанд, онҳо мегӯянд, ки бештар ба бемории асаб шифо мебахшад.

Агар аз ҷиҳати ғизогиаш гирем, гӯшти бедона серғизо буда, барои чандин касалиҳо давобахш мебошад. Ҳар нафаре ки дар манзили худ бедона дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хастагиро ҳис намекунад ва доимо хушҳол мегардад.

Бояд гуфт, ки то ҳоло дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, шахсоне ҳастанд, ки ба шуғли бедонабозӣ машғул ҳастанд, дар миёни мардум бо истилоҳи “бедонабоз” ном мебаранд.   Ҳатто   онҳоро на аз рӯи ному насаб, балки аз рӯи бедонабозиашон дар гузару маҳаллаҳои  худ  мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷой меоваранд.

Ба ин хотир, яке аз шахси бедонабозӣ  ноҳияи Бобоҷон Гафуров ду дона бедона бо тӯркадуаш  барои бо эҳсону завқи баланд ҳаловат бурдани меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ  “Қалъаи Хуҷанд” ҳадя намуд, ки басо рамзист.

Ёдовар шуд, ки замонҳои пеш бедонабозӣ дар  шаҳри Хуҷанд хело маъмул буд. Бедонабозон дар чойхонаҳои гузару маҳаллаҳо  ҷамъ омада дар даст тӯрхалтаи бедона бозӣ мекарданд.   Дар замони шӯравӣ , албатта калонсолон хуб медонанд, дар чойхони гузари “Ниёздегча”-и  бозори Панҷшанбе, ки чойхонаи бедонабозон мегуфтанд, бедоначанг  мешуд. Он замон бедонабозони машҳур аз шаҳрҳои  Хуҷанд, Исфисор, Хистеварз, Конибодом, Исфара,  Намангон, Қӯқанд, Фарғона, Андиҷон, Марғилон ва Самарқанд  барои бедонаҷанг  мардум  ҷамъ  меомаданд.

Шояд, имрӯзҳо дар табиат шумораи бедонаҳо бо таъсири иқлим ё инсон  кам монда бошад, лек умед дорем, ки навъи чунин парандаҳои  хушовоз  аз табиат нест намешаванд.

Валӣ Набизод - котиби
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарандаи хушовоз
Scroll to Top