Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саидҷон Марофиев - таърихнигори осорхонаи вилоятӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо пешниҳоди ҷомеаи меҳнатии Осорхонаи таърихии вилоят ва Қарори Раиси вилояти Суғд, ки ба истиқболи 90-солагии таъсисёбии ин махзани фарҳанг ба тасвиб расида буд (№121 аз 7 марти соли 2016)  камина ба Кумитаи тадорукоти ҷашн шомил гаштаму ба зиммаам ҳамроҳи профессор Турсунов Назирҷон Очилович ва дотсент Файзуллоев Муҳиддин ҷамъоварии мавод доир ба таърихи осорхона аз бойгониҳо,  шахсони алоҳида ва манбаъҳои дигар ҳамчун вазифа гузошта шуд.  

Бо мақсади дарёфти маълумот қарор додам, ки рўзномаҳои вилоятиро ҳам аз назар гузаронам. Хушбахтона дар шумораҳои 18 майи соли 1978 ҳар ду газетаи вилоят, яъне «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда»  мақолаҳои директори ҳамонвақтаи музей шодравон Саидҷон Марофиевро таҳти унвони «Беҳбудии кори музей – талаботи замон» ва «Сокровище культуры – народу»  пайдо  намуда лозим шуморидам  мундариҷаи онҳоро ба хотири посдории хотири ёдбуди ин фидоии илм, бостоншиноси шинохта, дилбохтаи шаҳри Хуҷанду мардуми он ба самъи  ҳаводорони таъриху ихлосмандони ин марди фозил расонам.

Мақолаҳо ба муносибати Рўзи байналхалқии музейҳо- 18-ўми май, ки соли 1977 бо қарори конференсияи Генералии Шўрои байналхалқии  музейҳо тасдиқ гардида, бори аввал таҷлил мегардид, навишта шудаанд. Устод С.Ш.Марофиев, худ дар мақолааш, бахшида ба ин ҷашн бо қаноатмандӣ қайд менамояд, ки минбаъд рўзи 18-май иди касбии онҳое мегардад, ки дар кулли манотиқи олам  ёдгориҳои таърихӣ ва маданиро ҳифзу обод  ва тарғиб мекунанд.  

Мо, кормандони музеи вилоятӣ дар хотир дорем, ки он сол идкунии Рўзи байналхалқии музейҳо зери шиори «Музейҳо – воситаи муҳими табодули фарҳангӣ, ғанигардонии маданият, рушди тафоҳуму ҳамкорӣ ва сулҳи  байналхалқӣ» сурат гирифта буд.

Дар осорхона силсилаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардиданд. Деворнигораи суратҳо, намоишгоҳи санъати ороишӣ ва амалӣ ташкил шуда буд. Ба ҳамин муносибат бо ташаббуси музей баъдтар конференсияи илмии вилоятӣ бо даъвати олимони соҳаи таъриху бостоншиносӣ  аз пойтахти ҷумҳурӣ гузаронида шуда буд.

Аз рўи маълумоти муаллифи мақолаҳо маълум мешавад, ки ҳамон замон дар вилоят 11 осорхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ сатҳ ва самти фаъолияташон гуногун (таърихии кишваршиносӣ, академӣ, идоравӣ, ёдгорӣ, хона-музейҳо) амал мекардаанд ва   Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилоят чун пешсафи онҳо вазифаҳои худро ҳамчун муассисаи маданӣ- равшаннамоӣ сарбаландона адо менамуд.

Саид Шарифович дар мақолаҳо боифтихор осорхонаро чун яке аз аввалин ва машҳуртарин музейҳои Осиёи Миёна   номбар намуда, бори аввал маълумоти ҷолибро дар бораи таърихи таъсисёбии осорхона баён менамояд.

Ин қисмати мақоларо аз рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба пуррагӣ ва айнан меоварем. «Кишваршинос–коллексионер ва антиқашиноси хуҷандӣ Мирзохоҷа  ибни Собирхоҷа (Мирсобиров) бо тахаллуси Ҳоҷӣ Антиқа соли 1926 ҳангоми иди Наврўз дар соҳили дарёи Сир қариб як ҳафта коллексияи ҷамъкардаашро ба халқ намоиш додаст ва пас ба шўъбаи маорифи округи Хуҷанд муроҷиат карда илтимос кардааст, ки барои намоишдиҳии коллексияи ў хонаи махсус ҷудо намояд. Шўъбаи маорифи халқ талаби ўро қонеъ гардонида, яке аз ҳуҷраҳои масҷиди шайх Муслиҳиддинро ба ў ҷудо карда додаст. Сонитар ду толори намоишгоҳ – айвони собиқи масҷид, ки аз тарафи музеи ноҳияи Хуҷанд {истифода мешуд – ишораи мо} (вай ду сол вуҷуд дошт), ба музеи Тоҷикистони Шимолӣ гирифта дода, таъмир карда шуданд. Маълум мегардад, ки он солҳо музеи ноҳияи Хуҷанд ва Тоҷикистони Шимолӣ вуҷуд доштааст. Дар яке аз ҳуҷраҳои дар боло номбар гардидаи {масҷиди-ишораи мо} шайх Маслиҳатдин Ҳоҷӣ Антиқа тамоми экспонатҳои ҷамъ кардаашро ҷойгир кунонида, хоҳиш намуд, ки баъди сари ў онҳоро ба касе аз хешовандон надода, ба манфиати халқ сариштаву эҳтиёт карда нигоҳ доранд. Бо ҳамин мазмун ариза ва рўйхати ашёҳои ҷамъовардаашро ба комиҷроияи округ супорид. Он солҳо биное, ки дар он ашёҳои Ҳоҷа Антиқа ба намоиш гузошта шуда буданд, бо номи «Музей-хонаи округи Хуҷанд» маълум буд. Болои дарвозаи он парчаму овезаҳо овехта шуда буд. Соли 1926 дар шаҳри мо музеи байнирайонӣ, таърихӣ-кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ ташкил гардид. Сонитар ба музеи вилоятӣ табдил ёфт».

Саид Шарифович қатъиян муқобили ба солҳои 1931-1932 нисбат додани санаи таъсисёбии музей буданд. Он солҳоро замони ба расмият дарории ин маскан медонистанд. Ин андешаи эшон заминаи таърихию ҳуқуқӣ дорад, зеро, чи хеле  ки  маълум аст, то соли 1929 округи Хуҷанд дар ҳайъати Ҷумҳурии Ўзбекистон буд. Аз оғози солҳои 30-ўми асри гузашта бо ҳамроҳшавии ин округ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бақайдгирию расмигардонии кулли муассисаҳо, корхонаву ташкилот сурат гирифт ва ҳамаи онҳо аз нав номнавис шуданд ва бо «дасти сабук»-у, саҳлангоронаи касе аз қаламбадастон дар таърихи  таъсисёбӣ иштибоҳ ворид гардидааст.

Аз таърих маълум аст, ки тирамоҳи соли 1931 иштирокчиёни анҷумани якуми геологии Қаромазор дар Хуҷанд А.Е.Ферсман, Д.И.Шербаков, Б.Н.Наследов ва дигарон намунаҳои бозёфтҳои геологиро ҳамроҳи баъзе маводҳои анҷуман ба музей супориданд. Акнун худ қазоват кунед: таърих мегўяд, ки бозёфтҳои геологӣ  ва маводҳо ба музей, яъне ба музеи мавҷуда супорида шуданд, на ин ки дар заминаи ҳамин ашёҳо музей ташкил ёфт.

Дар мақолаҳои зикргардида директори музей онҳоеро, ки дар рушди ин боргоҳи фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, ёдовар мешаванд. Дар қатори онҳо мо номҳои яке аз аввалин директорони музей А.В.Уэлс, чеҳраҳои шинохтаи илми умумииттифоқ  профессорон М.Е.Массон, Б.Н.Заходер, Б.М.Комаров, Маҷӣ, дотсентон Т.Г.Оболдуева, бостоншиносон А.Терепожкин ва  А.Потаповро дида метавонем.  Онҳо дар талаботи шӯъбаи табиати музей экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, таърихи маҳалҳои Тоҷикистони Шимолиро омўхта, шумораи аввалини  «Ахборот»-и музейро  ба нашр тайёр намуданд. Дар паҳлўи онҳо фарзандони диёр профессорон Г.Ҳайдаров, Н.Неъматов, А.Турсунов, А.Қодиров, дотсентон Ҳ.Очилов, У.Исмоилов, Ў.Пӯлодов  фаъолият бурда, ба пешравии кори музей, ба маркази илмию  маърифатӣ ва таблиғотӣ табдил ёфтани он мусоидат намуданд.

Саҳми арзандаи кормандони номии осорхона, хусусан собиқадорон дар мақолаҳо мавриди таъкиди махсус гардидаанд. Муаллиф навиштааст, ки  Раҳимов,  Ҳ.Бобоев, Т.Ҳасанов, А.Ашўров, О.Мўъминова, Е.Салтовская, Р Нурмуҳаммадова барин сарсупурдагони кори музейшиносӣ кафил ва саҳмгузори ривоҷи музей ҳастанд. Маҳз бо кўшишу ғайрат ва талошҳои онҳо солҳои 70-ўми асри гузашта  дар кори дарёфт, муҳофизат ва истифодабарию тарғиби ёдгориҳои таъриху маданият ҷаҳиш ба назар расид. Аз худам илова кардани ҳастам, ки ҳамроҳи онҳо кормандони ҷавону боистеъдод аз қабили М.Неъматҷонова, А.Ҳомидов, М.Файзуллоев   ба камол мерасиданд.

Муаллиф корҳои назариявию амалии  музейро номбар намуда, қайд намудааст, ки соли 1977 Шўрои илмии музей «чунин проблемаҳои илмӣ, ба монанди таърихи музейҳо ва кори музейшиносӣ дар Тоҷикистон, муофизат ва тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва мадании республика ва истифодаи онҳо дар тарбияи коммунистӣ, муҳофизати табиат ва боигариҳои табии ва истифодаи онҳо, проблемаҳои туризм, экскурсия ва саёҳатҳо дар Тоҷикистон, кишваршиносии таърихӣ тасдиқ карда шуданд, ки характери комплексӣ доранду {иҷрояшон дар-ишора аз мо} панҷсолаи даҳўм ва ёздаҳўм   ба нақша гирифта шудаанд. Проблемаҳои номбаршуда аз ҷониби кормандони музей дар ҳамкорӣ бо олимони Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳқиқ мешаванд».

Табиист, ки амалӣ намудани чунин фаъолияти доманадори кори осорхона ва осорхонашиносӣ бе робитаи самаранок бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии осорхонашиносӣ ва илмии академӣ имконнопазир буд ва кормандони музей дар экспедитсияҳои бостоншиносию (археология) мардумшиносии  (этнография) Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ширкат меварзиданд, аз корҳои саҳроӣ бо экспонатҳои нав бармегаштанд. Дар мақолаҳо омадааст, ки фақат дар ҳамон соли ҳисоботии 1977 631 экспонат гирд оварда шуда, теъдоди умумии онҳо ба 11 ҳазор расидааст.

Ногуфта намонад, ки ҳамон солҳо дар назди музей курси тайёр намудани роҳбаладони сайру саёҳат (экскурсовод) бо 256 соати таълимӣ  амал мекард. Аз ҳисоботҳои соли 1977 маълум мегардад, ки ҳамон сол дар экспозитсияҳои музей ва ҷойҳои таърихии шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрўза ) 685 экскурсияи умумӣ ва  125 экскурсияи мавзўӣ гузаронида шуда, 100 ҳазор тамошобин ба ин даргоҳ ташриф овардааст.

Дар мақолаҳо дар бораи кор бо маводҳои дар фонд, азнавсозии экспозитсияҳо, ташкили намоишгоҳҳои доимӣ дар музей ва  сайёр дар шаҳру навоҳӣ, кӯмак ба бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ маълумотҳо дода шудааст.

Зимнан маълумотҳое, ки дар ду мақолаи собиқ директори Осорхонаи таърихии вилоят, номзади илмҳои таърих, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Саид Шарифович Марофиев баён гардидаанд, барои омўзиши таърихи музей ва музейшиносӣ дар вилоят хизмат намуда, дар замони чоп шудан  барои ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеа ба кори музейшиносӣ хизмати шоиста намуданд.  Аз ин лиҳоз мо метавонем барҳақ ин инсони шарифро таърихнигори музей номем.

 

Абдуҳаким Шарифов, собиқ корманди осорхона, дотсенти ДДҲБСТ

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаидҷон Марофиев - таърихнигори осорхонаи вилоятӣ
Scroll to Top