“Наврӯз – таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳуввияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст”.
Эмомалӣ Раҳмон.
Наврӯз иди кӯҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон акнун Наврӯз ба иди байналмиллалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.
Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гарми бар сардӣ, ҷашни равшани ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад. Аҷдодӣ фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигаҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд.
Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш бо тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст.
Садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз-мардуми моро сарбаланд ва шӯҳратар мегардонад.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба иди байналмилалии “Наврӯзи Аҷам” намоиши асарҳои рассомони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони “Файзи баҳор” баргузор гардид.
Чорабинии имрӯзаро директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов Мансурҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайра мақдам намуданд. Дар чорабинии мазкур аъзои рассомони Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Ҷӯраев Ғафурҷон, Ҳасанов Салимбой, Иномҷон Ахмедов, Саидоқилзода Саиднеъмат ва ғайраҳо иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории намоиш нишон додани табиати нотакрори Тоҷикистон ва дар қалби меҳмонони ватаниву хориҷӣ бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ мебошад.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”