Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаҳрамони шуҷоъ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ)

Сейтвелиев Сейтнафе – командири Полки тирандозии 350-уми Дивизияи 96-уми тирандозии Артиши 48-уми Фронти 1-уми Беларус, сержанти калон буд.

29 майи соли 1919 дар деҳаи Тав-Кипчак, ҳоло ноҳияи Белогорски Ҷумҳурии Мухтори Қрим, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёна дошт. Дар колхоз ба парвариши ангур машғул буд. Аз соли 1939 дар Артиши Сурх хизмат кардааст. Дар Округи низомии Одесса хидмат карда, мактаби хурди фармондеҳиро хатм кардааст.

Аз моҳи июни соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Дар Фронти Ҷанубӣ, Артиши алоҳидаи Приморск, инчунин дар ҷабҳаҳои Қрим, Қафқози Шимолӣ, Сталинград, Дон ва Фронти 1-ум ва 2-юми Беларус ҷанг кардааст.

Инчунин соли 1941 дар ҷабҳаҳои  дифои Одесса, Севастопол ва Керч ва соли 1942 дар муҳорибаҳои назди Дон, минтақаи Серафимович ва муҳосираи гурӯҳи гитлерии Сталинград ,  Ҷанги Курск, соли 1943 озодкунии вилоятҳои Брянск ва Гомел, аз ҷумла шаҳрҳои Гомел ва Жлобин , дар амалиёти «Багратион», дар несту нобуд сохтани гурӯҳбандии муҳосирашудаи душман дар назди шаҳраки Марина Горка, озод кардани маҳалҳои Шацк, Городея, Волковиск, Белск, Острув-Мазовецкий, Остроленка (соли 1944), озод кардани Лаҳистон (Полша) ва Пруссия, аз ҷумла шаҳрҳои Элбинг (Элблонг) ва Данциг (Гданск) (соли 1945)  иштирок кардааст. Дар моҳи декабри соли 1942 дар наздикии Сталинград захмдор шуд. Командири тӯп, сержанти калон Сайтнафе Сайтвалиев, рӯзи 25 июни соли 1944 ҳангоми рахна кардани мудофиаи душман дар назди шаҳри Жлобини вилояти Гомели Беларуссия ва шаби 3 июли соли 1944 дар назди шаҳри Марина Горкаи ноҳияи Пуховичии вилояти Минск ҳангоми дафъи ҳамлаи ҷавобии душман қаҳрамонӣ нишон дод ва ба душман талафоти зиёде дар нерӯи зинда ва техника ворид кард. Дар ин ҷангҳо ӯ 15 тонки душманро нест кард.

Соли 1946 С. Сайтвалиев аз хидмати ҳарбӣ рухсат гирифт, вале натавонист ба ватан баргардад, зеро баъд аз озодшавии Қрим, тамоми аҳолии тотории Қрим ба Осиёи Миёна фиристода шуда буданд. Ӯ дар шаҳри Ленинободи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият кард. Соли 1948 мактаби кишоварзиро хатм намуд. Рӯзи 13 марти соли 1983 вафот кард.

Бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 25 сентябри соли 1944 барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангӣ ва далерию қаҳрамонӣ, ба сержант калон  Сайтвалиев Сайтнафе унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Ӯ бо ордени Ленин ва медали «Ситораи Тиллоӣ» (№ 6116), Байрақи Сурх, Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 (28.08.1944), дараҷаи 2 (23.07.1945) ва медалҳои «Барои шуҷоати ҷангӣ» (27.08.1943), «Барои ҷасорат» (26.12.1943) ва дигар мукофотҳо сарфароз гардидааст.

Шовазир Муродҷони – роҳбалади Осорхонаи
таърихии вилояти Суғди  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаҳрамони шуҷоъ
Scroll to Top