
(Ба ифтихори 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)
Ҳамасола санаи 9 - май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 таҷлил мегардад. Ин ҷанг дар таърихи башарият фоҷиаи бузургтарин ва даҳшатбортарин буда, ғалаба бо ҷони ҷавони ҳазорҳо ҷавонмардони шердил ба даст омадааст.
Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич аз зумраи он ҷавонписарон буд, ки дар муҳорибаҳои торумор намудани Германияи фашистӣ ҷасурона ҷангида, қаҳрамониву ҷоннисориҳо нишон додааст. Ҳодӣ Кенҷаев (иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, лейтенанти хурд, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ (1943), Мураббии хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1984)) 7 ноябри соли 1914 дар деҳаи Қистақӯз, ҳоло Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Соли 1937 баъди хатми Институти муаллимони Тошканд муддате мудири қисми илмии Омӯзишгоҳи педагогии Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Сурх адои хидмат менамуд. Соли 1939 мактаби фармондеҳони хурдро хатм карда, рутбаи хурди дастаи артиллериро гирифт. Ӯ моҳи июли соли 1943 сержанти калон, фармондеҳи тӯпи полки 1177-уми артиллерии қиркунандаи танкзани Ҷабҳаи Воронеж таъин гардида, дар муҳорибаи шадиди Курск қаҳрамонӣ нишон дод. 6 – 7 июли соли 1943 дар муҳорибаи назди деҳаи Покровкаи ноҳияи Ивняни вилояти Белгород ҳуҷуми сахти танкҳои душманро, ки авиатсия дастгирӣ мекард, зада гардонд. Худи ҳамон рӯз ҳайати дастаи Кенҷаев 4 танки фашистонро нест кард. Вақте ки ҳайати даста аз кор баромад, Кенҷаев шахсан боз 4 танки душманро сӯзонд. Умуман бо тӯпи Кенҷаев дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки вазнин нобуд карда шуд. 21 сентябри соли 1943 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Ҳодӣ Кенҷаев бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардонида шуд.
Соли 1945 Омӯзишгоҳи артиллерии Подолскро хатм карда, хидматро дар артиллерия давом дод. Кенҷаев дар ҷанги зидди Ҷопон низ ширкат варзид. Баъди ҷанг дар як қатор вазифаҳои роҳбарии ҳизбию давлатӣ кор кард. Солҳои 1946 – 1948 дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил кард. Солҳои 1946 – 1950 мудири шуъбаи фарҳанги комиҷроияи Сталинобод (ҳоло Душанбе), баъд нозири шуъбаи мактабҳои КМ ҲК Тоҷикистон, аз соли 1957 котиби дуввуми КМ ҲК Тоҷикистон дар ш. Душанбе, аз соли 1961 раиси Совети қишлоқи Қистақӯзи ш. Хуҷанд (ҳоло Ҷамоати деҳоти Хистеварзи н. Бобоҷон Ғафуров), солҳои 1967 – 1975 муовини Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1965 – 1985 узви Плениуми Кумитаи собиқадорони ҷанги ИҶШС, солҳои 1968 – 1985 узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ буд. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои дуввум, севвум, чорум, панҷум (с. 1946 - 1962) ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъватҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум (с. 1963 - 1990). Бо орденҳои Ленин, Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1), ду ордени “Нишони фахрӣ”, медал ва грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 23 феврали 1992 дар деҳаи Хистеварзи н. Бобоҷон Ғафуров дафн гардидааст. Дар зодгоҳаш нимпайкарааш ва дар ҷумҳурӣ чанд кӯча ба номи ӯ гузошта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки барои иҷрои қарзи ҳарбӣ, қаҳрамонию далерӣ дар солҳои ҷанг 11603 нафар намояндагони 62 миллату халқиятҳо ба унвони олии ҳарбӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор гардидаанд. 2656 нафар ҷанговарон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуданд. Бо ордену медалҳои ҷангӣ беш аз 7 миллиион одамон, аз ҷумла 14 миллиону 900 ҳазор нафар ҷанговарон бо медали “Барои Ғалаба бар Германия”, беш аз 16 миллион заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг бо медали “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида шуданд.
Барои мардонагӣ, ҷасорат ва мубориза бар муқобили фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Ба 56 нафари онҳо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд) ба 15 нафар, инчунин 15 нафар ҷанговарони Тоҷикистон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд) 10 нафар мукофотонида шуданд.
Бузурукова Наргисахон - Китобдори
калони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”