Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тантанаҳои ҷашни Осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷашни 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо тибқи нақша чорабиние, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти ҷашнӣ созмон дода шуда буд, бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил гардид. Дар ҷашн  муовини Раиси вилояти Суғд мӯҳтарама Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назаров, Раиси шаҳри Хуҷанд мӯҳтарам Шарифзода Шариф Файз, ҳамчунин олимону адибон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, намояндагони иттифоқҳои касаба, собиқадорон ва кормандони Осорхонаи таърихии вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Аҳли зиё бо сарварии Н.Ғаффорӣ аз толори намоишии тозабунёди “Оинаи таърих”, ки бахшида ба фаъолияти илмию фарҳангии 90-солаи осорхона фароҳам гардидааст, дидан намуданд. Гӯшаи намоишӣ аз китоби фикру мулоҳизоте, ки бо соядасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи ифтитоҳи бинои кунунии осорхона (23.08.2006) гузоштаанд, оғоз ёфта, фарогири аксҳои сарварон, собиқадорон, кормандон, ҳамчунин аксҳо аз толорҳои намоишӣ ва рафти экскурсияҳо дар масҷиди Шайх Муслиҳатдин, бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” ки осорхона дар ин макон ҷойгир буд, роҳнамои осорхона (1961,2011), Ахбори илмӣ (1964,2016), асарҳои олимону шоирон бо соядаст, газетаву буклетҳои ҷашнӣ аст.

Сипас аҳли зиё аз намоиши “Маҷмааи бозёфтҳои нодири ҷамъоварандагони осори ниёгон” –М. Мамадҷонов, К.Мӯъминов, М.Маҳмудов ва Н.Усмонов, намоиши нақлиётҳои таърихии бароришашон   солҳои 40-80-и асри ХХ дидан намуданд. Дар қатори онҳо нақлиёте, ки ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев истифода бурдааст, ҷой дода шуда буд.

Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Меҳмонон бо буридани лентаи рамзӣ вориди он гардида, аз бозёфҳое, ки ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ёфт гардидаанд, шинос шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин осорхона соли 1986 таъсис ёфта, фарогири наздик 1000 адад нигораҳои таърихӣ аст.

Тантанаи ҷашни 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар айвонҳои Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ идома ёфта, кормандон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Чорабиниҳои ҷашнӣ таҳти суруду рақсҳои дилнишини ситораҳои санъати вилоят то дергоҳ идома ёфт.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ анҷом дода шуданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТантанаҳои ҷашни Осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top