
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, тамоми мардуми шарифи кишвари Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки онро тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳамчун яке аз суннатҳои муътабари баъди адои моҳи Рамазони шариф бо хушҳолиҳои умедбахш ҷашн мегиранд, табрику муборакбод менамояд.
Боиси хурсандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола дар радифи дигар иду маросими суннатҳои миллӣ дар кишвари маҳбубамон Иди саиди Фитр таҷлил мегардад.
Моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр барои мардуми мусалмонон яке аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошад, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аъмоли хайру баракат ва саховату созандагӣ, сабру таҳаммул, раҳму шавқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.
Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номуси мусалмони кишвар, минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, пояҳои устувори оромиву ҳамбастагии мардум ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи рушди устувори кишвар саъю кӯшишу талошҳо меварзанд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумоёни азизро ба муносибати Иди саиди Фитр аз самимӣ қалб муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди бузург тансиҳатӣ, ризқу рӯзии фаровон, умри дароз ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз !