
Дар асл, алафдаравӣ барои хуб нашъунамо ва якранг сабзидани алафҳои масоҳати гуногуни майдончаҳои кабудизоркунӣ мусоидат мекунад.
Зикр намуд, ки дар бедоршавии табиат ва мусоид будани обу ҳаво барои мутахассисони боғбонони Боғи фарҳангию фарҳангии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, имконият фароҳам овард, ки майдончаҳои сарироҳӣ ва гулбоғчаҳоро дарави сатҳӣ намуда аз алафҳои бегона тоза намоянд.
Дар ин раванди сатҳи алафдаравӣ аз гулгаштҳои роҳравҳои қалъаи таърихӣ ва боғи истироҳатӣ бо мошини махсуси даравгарӣ, ки ҳусни саҳнаҳои майдончаҳоро бо сабзиши нармаш сайқал медиҳад, оғоз гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки барои хуб ҷилвагар ва намоиш додани гулу гулбуттаҳои рангорангӣ мавсимӣ аз тарафи боғбонон сари вақт ғизо ва бо об таъмин мекунанд, лек, баъзе ҳолатҳо аксарияти алафҳои бегонаи худрӯй онҳоро азият медиҳад. Чуноне ки гоҳе ба назар мерасад, алафҳои бегона дар ҷойҳои номувофиқ , ба мисли аз тарқишҳои тахтакурсиҳои истироҳатӣ ё дар гулгаштҳои пиёдагард пайдо мегарданд, ки онҳоро саривақт бартараф мекунанд.
Бояд гуфт, ки чунин тарзи алафдаравӣ бо техникаи махсус тоза намудан ва сарсабз гаштани майдончаҳои гулбоғҳо боз хубтару бештар ва ба ҳусни табиат ҳусни зебогӣ зам мекунад.
Мавриди зикр аст, ки барои мухлисону тамошобинони боғи истироҳатӣ ва қалъаи таърихӣ, ки гулу гулбуттаҳои рангорангӣ мавсимӣ инсонро бо омезиши рангҳои тирукамонаш руҳбаланд гардонида, бо зебогиаш мафтун ва муҳаббати ҳақиқиро онҳоро нисбати гулҳои баҳорӣ бедор мекунад.
Бигзор, табиати насими баҳорӣ ҳамеша наврӯзӣ бошад ва зебогии майдончаву гулгаштҳои қалъаи таърихию боғи фароғатӣ табъи ҳар бинандаро ва меҳмонону сокинон , бахусус сайёҳони дохиливу хориҷиро хуш гардонад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”