Санаи 25 марти соли 2025 дар доираи сафари расмии ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар идомаи ҳошияи сафари корӣ гуруҳи меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷандӣ МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал намуданд.
Гуруҳи ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ, шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва бо таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шодбош ва хайру мақдам намуд.
Сипас, Мирзоева Иноятхон- роҳбалади муассисаи мазкур меҳмононро аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки таҷассумгари макони таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, аз наздик ошно намуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дидан намудан аз чунин толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ барои меҳмонон ин дарки воқеъӣ таърихии оини гузаштагони ниёгони қадимаи миллати тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, ки дар лаҳзаҳои ошно гардиданд, аз толорҳои намоишӣ бо маводу ашёҳои таърихию фарҳангӣ, дастхатҳои шоирони классикӣ, дастовардҳои маводҳои нодир, инчунин санъати тасвирӣ ва меъмории ҳунармандони мардумӣ завқи меҳмононро дучанд намуд.
Дар идомабахши сайри намоишӣ меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба монанди қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир , бофандангӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ ва аз чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд”, ки бо тарзи санъати анъанаҳои қадимаи ниёгон аз ҷониби устоҳою ҳунармандони мардумӣ ба анҷом расонида шудааст, шинос гардиданд.
Воқеан, боздиди меҳмонон дар замоне қарор дорад, ки табиат бедор шуда истодааст ва бо таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ олами ботини инсоният ҳувияти қувваи илҳомбахши тозаеро ба худ кашф менамояд.
Тазаккур дод, ки Наврӯзи байналмилалӣ ин ҷашни бостонӣ на танҳо оғози соли нав, балки рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат ва фарҳанги пурғановати аҷдодӣ мебошад. Ин ҷашни куҳанбунёд мардумони тамоми кишварро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии орому осуда даъват менамояд, ки дӯстӣ сарҳад надорад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотӣ
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”