Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯз посдори суннатҳои ниёгон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 “Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудиятиш арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.”

           Эмомалӣ Раҳмон.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгонги мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Ҷашни Наврӯзи Аҷам тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои башардустӣ, пирӯзии нерӯии некӣ, бар бадӣ ва равшанӣ бар торикӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дигар мардумони олам онро пазируфтанд ва Созмони Миллали Мутаҳид Наврузро ҷашни байналмиллалӣ эълон намудааст.

Дар ҳақиқат Наврӯз иди кӯҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Наврӯз ба иди байналмиллалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди “ Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба иди байналмилалии “Наврӯзи Аҷам” гӯшаи намоиши иборат аз “Ҳафт сину” “Ҳафт шин” таҳти унвони “Наврӯз посдори суннатҳои ниёгон” баргузор гардид, ки он нишона аз мероси бойи фарҳанги ниёгони тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузошта мешавад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешавад гузошта мешуд.

Мудири шӯъбаи оммави фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи 
Осорхонаи таърихи вилояти Суғд МД ”МФТ  Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНаврӯз посдори суннатҳои ниёгон
Scroll to Top