
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисааи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо камоли эҳтиром тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Рӯзи байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод менамояд.
Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21- уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуданд. Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.
Бо фарорасии ҷашни Наврӯз фасли баҳор, бедории табиат, қолини сабз пӯшидани кӯҳу саҳрои беканори кишвар, кишту кори баҳории марди деҳқон оғоз меёбад ва он бо як шукуҳу шаҳомати хоса аз ҷониби мардуми кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар баробари ин дар соли нави аҷдодӣ ба ҳар яки Шумоён тансиҳатӣ, умри дароз, бахту саодат, раҳмату баракат бо дастурхони файзбор, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва амалӣ гардидани мақсаду орзую умедҳои нек бо комёбиҳои нав ба нав орзумандем.
Наврӯзатон муборак, чҳамдиёрони азиз!