
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21-23 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст.
Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура андешаҳои мардумӣ анъанаҳои миллӣ, маорифи динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шакл ёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад,ки онҳоро тавассути таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбиру таъвил ва арзёбӣ намудан мумкин аст.
Наврӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле пайдоиши он ба замони ҳазрати Одам ва Каюмарс, ба андешаи дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам мавҷуд њастанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад.
Бо гузашти замон маросимҳои наврӯзӣ шомили орзую омоли бани башар гардидаанд. Масалан, маълум аст, ки адади “ҳафтсин” дар миёни мардум бо хосияти хеш муътабар дониста мешавад. Дар иди Наврӯз низ ин адад мақом пайдо кард ва дар рӯйи дастархони наврӯзӣ хӯрданиҳое мегузоштанд, ки бо ҳарфи «син» шуруъ мегарданд; сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак. Аммо бештар аз ин « ҳафтшин» маъмул буд: шаҳд, шакар, шир, шароб, шамшод ва ѓ.
Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангиюу ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.
Сардафтари адабиёти классикии форс - тоҷик Абўабдуллњои Рӯдакӣ аввалин вассофи (васфкунанда) баҳор ва ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Ҳамасрони ӯ низ дар васфи сабзаву баҳор, манзараҳои ҷолиби табиат баҳория ва шеъру достонҳои зиёд иншо намудаанд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар масири ташаккулу инкишофаш давраи мудовими табиат ва аз ин тариқ, ҷараёни таквини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди ориёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.
Бахшида ба ин ҷашни бузурги Наврӯз кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвони «Наврӯз-таҷассумгари некиву накӯкорӣ ва созандагист» ташкил намудаанд, ки тамошобинон дар ин рӯзҳои иди наврӯзӣ метавонанд аз он дидан намоянд.
Даврон Исобоев – мудири шӯъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”