
Наврӯз бузургтарин ҷашни қадимаи миллии ниёгони мардуми тоҷик буда, дорои таърихи зиёда аз шашҳазор дорад. Зикр намуд, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронтабор ҳеҷ як анъана ва расму оина чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, урфу одат , арзишҳои миллӣ ва меҳру садоқат мебошад.
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва куҳантарин идҳои мардумони эронтабор буда, аз номаш маълум аст, ки Наврӯз “рӯзи нав” маъно дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.
Наврӯз ҷашни муборак аст, ки тамоми табиатро бедор мекунад ва марди деҳқон ба кишту кор оғоз менамояд. Аз нигоҳи муаррифии олимону мутахассисони ситорашиносӣ Наврӯз рӯзе аст, ки Офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид мегардад ва дар ҳамин дақиқа ворид шудани Соли нав фаро мерасад. Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардин, ки ба солшумораи тақвими мелодӣ ба моҳи март рост меояд, ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихии адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гардидааст, ки донишмандону тоҷику форс дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф ва эҷод намуданд. Дар ин раванд метавон, маълумотҳои мустақим ва пурмаъно дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, “Осор-ул- боқия” ва “Ат- тафҳим”- и Абурайҳони Берунӣ ва чанде дигаре метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, метавон дид, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ мондааст.
Дигаре бошад. баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз на камаш шаш рӯз тӯл мекашид. Дар он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд, яъне Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин идома дода рӯзи шашуми моҳи Фарвардин ҷашни бузурги Наврӯз барпо мегашт.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуданд. Зикр намуд, ки дар қатори ҷашнҳои миллию маросимҳои мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик мақоми баландро пайдо намуд. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор намуда , имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз ин падидаҳои умедбахш, орзую маромҳои зиёд доранд, зеро эҳё ва ҷовидон мондани анъанаҳои миллии ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.
Бигзор ин ҷашни куҳанбунёду ҳамешаҷавон Наврӯзи байналмилалӣ барои мардуми кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз тинҷиву оромӣ, хуррамию некрӯзӣ, шодиву сурур нишоти табассуми беғаши кӯдакон дар осмони софу беғубори наврӯзиаш ва бо умеди нек марди деҳқон дона мепошад, неъматҳои фаровон ва сафобахши рӯзгори мардумро зиёда гардонад.
Валӣ Набизод - котиби маркази
иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”