Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

СУЛҲУ АМОНӢ - ПОЯИ ЗИНДАГӢ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳақиқат, сулҳу амонӣ – пояи  зиндагӣ ва хушбахтиву шодкомиҳои мардум буда, ба туфайли он мардум бо хотири ҷамъ, орому осуда баҳри ояндаи зиндагии хеш , пешбурди рушди хонавода кору фаъолият мебаранд.

Зикр намуд, ки сулҳу амонӣ шоистатарин ва беҳтарин неъмати рӯйи замин аст. Бале, мехостам дар ин бобати фароҳам фикру андешаҳои хешро баён намоям. Сулҳу осоиштагӣ дар ҳаёт аз ҳам ҷудонашаванда ҳастанд, зеро ки сулҳу оромӣ бошад, дили мардум ором, табиат, болафшонии парандагон, тулуи офтоби нурафшон,осмони соф, садои навозиши булбулон, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши  кӯдакон таровати зебоеро таҷассум мекунанд. Хоби ором , хандаи кӯдакон, ҳузури ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормонҳои мардум, ки  ҳамагон сарчашма аз сулҳу амонӣ бармеояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки таърих гувоҳи зинда аст, ки миллати тоҷик дар арсаи башарият бо сулҳофарини худ бо хати заррин навишта шуда, дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст. Маҳз бо кӯшишу талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини кишвари  Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат пойдор ва устувор аст.

Ба ин хотир метавон гуфт, ки сулҳ - ин лабони  пурхандаи модарон, ҷанг- ин ашки сӯзони нолаи модарон аст. Сулҳ ин обод кардан, бунёд намудан ва ҷанг ин харобазору сӯхтан, барбод додан аст. Яъне меваи сулҳ  ширин асту меваи ҷанг талху ҷигарсӯз, аз сулҳ боғ мемонаду аз ҷанг доғ.

Бинобар ин  баҳри насли наврасу ҷавонон  зарур аст, ки ҳамеша барои шинонидани дарахти пурсамари сулҳу ваҳдат талош варзанд, зеро ки Ватани маҳбуби азизамонро аз берунмарз омада ободу ором намекунанд. Бояд  ҳамеша дар талош бошем, барои насли оянда макони зебову дилнишинро  боқӣ гузорем. Нагузорем, ки ашки  чашмони модарон бирезад, хандаи кӯдакон ба гиря мубаддал нагардад.

Хушбахтона имрӯзҳо бо  омад- омади бедоршавии табиат ба истиқболи ҷашни аҷдодӣ Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем. Дар ин санаҳои таърихӣ, аниқтараш 13 марти 2025 бо заҳмати беандозаи байни ду сарони давлат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғистон муҳтарам, Содир Жапаров созишномаи робитаи дӯстӣ ба имзо расид. Ҳамарӯза бо кушода шудани марзи ду сарҳад, чун миллати сулҳхоҳу кишвари тинҷу ором мардумаш ҳамкориву ҳамрайъӣ намуда, дар бурду бохти ду кишвар саҳмгузорӣ менамоянд. Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷику қирғиз бо калимаи “Ваҳдат” пайванд гардида, васфи онро ҳамеша дар дилу ҷон мепайванданд.

Метавон гуфт, ки сулҳ арғумон ва дастовардҳои беназир аст, ки ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар шуда наметавонад. Сулҳ метавонад, миллату давлатро афзунтару шуҳратёр гардонад. Сулҳ дар ҳама олам офтоби дурахшон аст, ки аз нурҳои ҳаловатбахши худ дунёро мунаввар месозад.

Бигзор  хуршеди нурафзуни сулҳу ваҳдат дар тамоми ҷаҳон нурафшон бошад ва кабӯтарони сулҳ дар фазои осмони софу беғубор болафшонӣ намоянд.

Валӣ Набизод - котиби иттилооти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСУЛҲУ АМОНӢ - ПОЯИ ЗИНДАГӢ
Scroll to Top