Дар асл, обдиҳии бо даст додани об усули анъанавии қадимаи гулпарварон буда, аксар вақт дар ҷойҳои на он қадар масоҳати калон обёрӣ карда мешуданд.
Бале, дар ҳолати пиёда сайругашт намудан дар аксари хиёбонҳои маркази шаҳри Хуҷанди бостонӣ ва дигар гулгашту роҳгузарҳои ҷойҳои истироҳатӣ дар фасли гармии ҳаво барои эмин нигоҳдоштани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ обпошакҳои борониро дидан мумкин аст.
Ба ин хотир , бо ташаббуси Абдусалом Қурбонзода- директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, насби чунин системаи обёрии обпошакҳои боронӣ, ки 1600 ададро дар бар мегирад, дар майдончаҳои обёрии боғи фарҳангӣ шинонида шудаанд, ки бидуни ниёзи кӯмаки мутахассисон ба анҷом расонида шудаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки замоне буд, ки обдиҳӣ аз ҷониби боғбонони муассисаи мазкур барои гулу гулбуттаҳои рангорангӣ мавсимӣ , тариқи шлангҳои резинии фишорашон гуногун обёрӣ карда мешуд, ки об бо тезӣ обшор ё ба ҷойи зарури рафта намерасид.
Имрӯзҳо метавон мушоҳида намуд, ки боғбонон барои саривақтӣ таъмин намудан ва намнокии заминро нигоҳ доштан, бо ёрии обпошакҳои боронӣ вақт ва қувваи худро мунтазам сарф намекунанд. хело осон ва қулай мебошад. Онҳо метавонанд бемалол дастгоҳро ба кор дароварда, ҳолати обдиҳиро бо дараҷаи мувофиқ назорат ва корбарӣ намоянд. Обпошакҳои боронӣ дар болои гулу гулбуттаҳо тавре тақсим карда мешаванд, ки обёрии пурраи онҳо бемалол таъмин ва нашъунамои гулу гулбуттаҳои рангорангӣ мавсимӣ бештар хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки чунин обпошакҳои боронӣ аз маводи мустаҳками пластикӣ омода шудаанд , ки захираи об ба таври назаррас сарфакорона истифода бурда мешаванд, ки аз манфиат холӣ нест.
Валӣ Набизод- котиби
иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”