(Ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)
Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик, чун кулли мардуми озодихоҳ, дар арафаи ҷашни 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941 – 1945 қарор дорад. Зикр намуд, ки Ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизм дар таърихи башарият, чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Лек, аз байн даҳсолҳо гузашта бошад ҳам, шукуҳу шаҳомат ва қадру қимати иштирокчиёни набардҳои хунин аз хотир фаромӯш нашудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозҳо кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Корномаву диловарии фарзандони боору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзу оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад”.
Санаи таърихии 9 - май ҳамчун Иди Ғалаба, чун рӯзи ёдбуди тамоми шоҳидони ҷанги хонумонсӯз поси хотирс қайд карда мешавад. Бале, солҳо мегузаранд, вале он рӯз ҳамчун рӯзи тантанаи ҳаёт аз болои марг, ғалабаи хирад бар ғояи фашизм, инсондӯстӣ бар ҷаҳолат дар дилу хотири халқ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Ғалабае, ки аввалин дар ҷаҳон собиқ давлати Сотсиалистӣ ба Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни он ба даст овард, пеш аз ҳама бо туфайли ягонагӣ , ваҳдати миллӣ, ахлоқи сиёсии халқи советӣ, дӯстии мустаҳками халқҳои собиқ Иттиҳодӣ Шӯравӣ ба шумор мерафт.
Имсол 80 – умин маротиба Рӯзи Ғалабаро қайд карда мешавад, ки Рӯзи Ғалаба ин пеш аз ҳама Иди садоқат, Иди ифтихор, Иди сарбаландӣ ва Иди шараф ва инчунин рӯзи хотира нисбати шаҳидони ҷанг мебошад.
Аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) солҳои тӯлонӣ згузашта бошад лек, мардуми кишвари Тоҷикистон қаҳрамонию корнамоиҳои ҷанговарони ҷасуру қавииродаро асло фаромӯш нахоҳанд кард. Ҷанги хонумонсӯз ваҳдату масъулиятшиносӣ ва ҷоннисории ҷанговаронро баҳри ҳифзи Ватан ва нангу номус собит намуд, ки дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари дигар халқҳои миллат фарзандони некноми Тоҷикистон низ ҷонбозиҳо намуда, рӯзи музаффариятро ба даст оварданд.
Метавон ба хотир овард, ки корнамоиҳою қаҳрамониҳои ҳамдиёрамон Неъмат Қаробоев, Домулло Азизов, Ҳоди Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Ахмедов, Тӯйчи Эрйигитов, Саиднафеъ Саидалиев, Пӯлод Отаев ва садҳо дигарон дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.
Аз ҷониби муаррихони тоҷик чунин далелу рақамҳои зиёд мисол оварда шудааст, ки дар солҳои ҷанги хонумонсӯз аз кишвари Тоҷикистон 278 ҳазор нафар сарбозону афсарон ба сафи артиш даъват шудаанд. Беш аз 90 ҳазор нафари онҳо дар майдони набард ҳалок шуданд, бархе бе ному нишон гаштанд.
Аз он ҷумла аз вилояти Суғд, 68 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок намуданд, ки 28 ҳазор нафари онҳо ҳалок гардидаанд. Инчунин 66 нафар тоҷикдухтарон ба ҷанг сафарбар карда шуданд, ки аз байни онҳо Ҷаннат Раҳимова, Саодат Алибоева, Назира Умарова, Ойгул Мамадҷонова, Инъомхон Қурбонова бо қаҳрамонию корнамоиҳои ҷангӣ сазоворӣ обрӯю эътибор гардидаанд.
Ҳукумати Шӯравӣ хизматҳои ҷанговарони тоҷикро ба назар гирифта, 102 ҳазор коркунони хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941 – 1945 мукофотонид. Инчунин 60 – ҳазор сарбозу афсарон бо ордену медалҳо, 54 нафар бо унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ», 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” сазовор гардидаанд.
Рӯзи Ғалаба ин Иди хотира, Иди шарафу шуҷоат мебошад. Мардуми мо ному кори нек ва қаҳрамониҳои фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, намоиши экспозитсионӣ таҳти унвони “Вилояти Ленинобод дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941 - 1945” , баҳри тамошобинон ва барои абадӣ гардонидани хотираи нек гузошта шудааст.
Бо камоли эҳтиром гуфта метавонем, ки дар радифи дигар собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар саркӯбии Германияи фашистӣ, дар кори наҷиби раҳоӣ бахшидани бисёр мамлакатҳои Аврупо ва халқҳои онҳо аз вабои фашистӣ саҳмгузори намуданд.
Имрӯз қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди кишвари Тоҷикистони соҳибистқлол, ки номи қаҳрамонони чунин абармардони миллатро азизу гиромӣ дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррӯзаи наврасону ҷавонон ва ба манфиати Ватани азизамон намуна ва матлаби садоқату муҳаббатро талқин намоем , зеро ки шуҷоати қаҳрамониҳои падарону гузаштагони ҷасуру тавоно дар қалбҳоямон чун пораи лаъл медурахшад.
Нодира Олимова - ҷонишини омир оид ба корҳои илмии
Осорхонаи таърихи вилояти Суғд МД ”МФТ Қалъаи Хуҷанд”