Дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон фасли баҳор бедор шуда истодааст, ки дарахтону набототҳо гул мекунанд. Табиат ва гулу гулбуттаҳо пас аз андаке бо боридани борони баҳорӣ нашъунамо ёфта истодаанд.
Ба ин хотир, тибқи нақшаи пешбинишуда аз ҷониби боғбонон шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”оғоз гардид.
Бале, касе ки аз саҳнаи даромади боғи фарҳангию истироҳатӣ ворид мегардад он қадар таровати зебо ба дил мебахшад, ки боғи гул мешукуфад. Бо шинонидани гулҳои рангоранг ва тару тоза, боғи истироҳатӣ ба гаҳвораи дилрабо табдил меёбад. Дар шакли нимдавраю росткунҷаву доира ва ба таври визуалӣ чун арғумони баҳорӣ ба пеши тамошобин ҷилвагар гашта бо рангу тобишаш бо омад- омади баҳорро дарак медиҳад.
Боғбононе ки дастаҷамъона гулҳои рангоранги мавсимиро ба монанди петуния, салвия ва тагетис шинонида истодаанд, майдончаро иҳота кардааст, ки ин ҳама аз баракоти табиати баҳорист. Яъне тамошои муждадиҳандаи гулҳои рангоранг мавсимӣ, моро бо тамошои худ шод мегардонад.
Қобили зикр аст, ки ороиши воқеии боғи фароғатию истироҳатӣ бо шинонидани гулу гулбуттаҳои рангоранги баҳорӣ ва растаниҳое, ки ба шароити иқлимӣ кишварамон мутобиқ мебошанд, идома хоҳад дод.
Валӣ Набизод- котиби иттилооти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”