Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, модарон, бонувон ва хоҳарони азизро бо фарорасии яке аз нафистарин ҷашнҳои сол- Рӯзи модарон сидқан табрику муборакбод менамояд.
Ҳамасола , дар кишвари Тоҷикистони маҳбубамон бо омад-омади баҳори нозанин, Рӯзи модарон таҷлил мегардад, ки ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургтарин ва зеботарини рӯйи замин Зан-модар бахшида шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Зеро ки модар нафаре ҳаст, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиштагии хонавода ва фарзандон заҳмат мекашад.
Намунаи қадршиносии Зан- модарро дар яке аз баромаду суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад”.
Воқеан, модарону хоҳарони азизи кишвари Тоҷикистони маҳбубамон имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат намунаи ибрат буда, софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмату ташаббусҳои созандагӣ баҳри рушди давлати соҳибистиқлол саъю талошҳо меварзанд.
Шумоёнро аз самимӣ қалб бо ин рӯзи пуршарафи иди Рӯзи модарон, ки дар ҷаҳон машҳур аст, табрику муборакбод намуда пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати рӯзгор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Ҷашни фирӯз муборак, модарону хоҳарони азиз!