Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Навозиши дастони модар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба 8 март- Рӯзи модарон)

Модар, чӣ хел калимаи  шеваи зебову хушсадо ва ширину дилангез аст. Вақте ки  Модар мегӯем, тамоми ҳастии ҷисму руҳамонро як мавҷи эҳсосоти оромӣ фаро мегирад, ки аз он инсон ҳаловату дилгарм мешавад.

Модар, қиматтарин неъмати дунё  сарчашмаи муҳаббати беканор, қимматбаландтарин шахси башарият  ҳаст ва хоҳад монд. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу инсоният  ошно месозад. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдаки ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯсиро меомӯзем. Бағали гарми модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсонӣ  аст.  Аз азал ,гузаштагон ба зери болини гаҳвораи тифли навзод  китоби муқаддаси  илоҳӣ Қуръони маҷид мегузоштанд, ки  рамзи худро дорад ,то ки  модар мехоҳад тифлаш бенуқс боимону тақводор ба воя расад. Билохир, мададгори даврони пирӣ ба ӯ асои такягоҳаш гардад.

     Ба ин маънӣ Эраҷ Мирзо хуб фармуданд:

        Гӯянд, маро чу зод модар,

        Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.

        Шабҳо бари гаҳвораи ман,

        Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

        Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,

        Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

        Дастам бигирифту по ба по бурд,

        То шеваи роҳ рафтан омӯхт.

         Пас, ҳастии ман зи ҳастии ӯст,

         То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Бале, агар ба кӯдаки 2-3 сола шахси бегона ҳарф омӯзонад, он кӯдаки нозанин ба якбору дубор калимаро аз худ намекунад  ё  умуман садо намебарорад. Чунки ба ӯ шахси бегона аст , ки дар ин ҷо бузургии модар маълум мегардад. Инсон баъди ба роҳ даромадан аз оғӯши модар дур намеравад, қимати ӯро дарк мекунад. Худ тасаввур кунед, мо дар поямон  мустақилона истода наметавонистем ё ба чизе такя намуда рост мешудем, лафзи гапзадан надоштем, ки модар моро роҳбалади ба сӯи зиндагӣ роҳандозӣ намуд . Лек, модар дар ҳама ҳолат чӣ дар ғоиб пайваста новобаста ба синну сол дар ёди фарзанд аст. Модар , оромиву сиҳатмандӣ ва хушрафтории фарзандашро дида аз шодӣ ашки чашмонаш ҳалқа мезанад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, ки беканор дорад, модар...

Афсӯс, ки на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пурталотуми мавҷҳои ҷавонӣ ғӯта мезанему ва бо ишқу ҳавас ба ёру ҷӯрабозӣ заврақ меронему модарро ба он ҳама дилсӯзию меҳрубониаш ба коми фаромӯшӣ ҳавола мекунем. Аммо баъди падруд гуфтани ин дунёи бевафо аз рафтани модар пушаймон мешавем, ки кайҳо аллакай дер шудаасту дигар ӯро пайдо нахоҳем кард.

Ҷавонон ва фарзандони азиз, давлати фарзанд модару падар аст, ки ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлӯи модар ва хоб дар рӯйи зону модар беҳтарин лаззати умри инсон будааст. Гузаштагони мо то пайғамбарону анбиё, шоирону орифон симои воқеии модарро дар сухани маънавӣ нишон дода, номи муборакашонро то ба фалак бардоштанду дар наздашон сари таъзим фуруд оварданд. Барҳақ аст, ки дар ҳадиси мубораки  Расули акрам( с) омадааст: “Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст”. Мутаффакири  шоири беназир Шайх Аттори Нишопурӣ ин ҳадиси муборакро дар пироҳани назм кашида пешкаши хонандагони закӣ қарор додаст:

        Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

          Дар зери қудуми модарон аст.

Бешак, модар ба чунин қадршиносӣ сазовори  нек дорад, ки зиндагии мо худ каломоти мавзун аст, ки бо аллаи модар оғоз меёбад ва бо номи он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию ҳашамати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанди солиме, ки қадру қимати модарро донад бо дуояш сарсабзу хурраму хушбахт ва дар зиндагӣ шуҳратёр мегардад.

Сад афсӯс, эй модар!  Туро пазмон шудам, ёд кардам дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте ки чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввуроти  хотироти хаёлии кӯдакиам будааст. Туро сахт ёд кардаму чӣ суханҳое барояд гӯям то ту дар наздам як лаҳза ҳозир шавӣ ва туро оғӯши гарм гирам сарамро болои  синнаи нармат гузораму аз рухсораи сурхат буса кунам.

Оҳ, модар! Чашмонам  дар  ёди ту ҳамеша тар ҳаст. Чӣ қадар мушкил аз ин дуриҳо, туро пазмон шудам, туро ёд кардам...

Биё, эй модарҷон! Даст бар қалбам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарёи пурталотуми ноором гаштаро ором кун, биё ки ман бо ту розӣ дил гӯям. Ту воситаи хушбахтии ҳаёти ман ҳастӣ, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳои дароз сари гаҳворам нишаста суруди беҳтарини рӯйи замин алларо замзама кардӣ, ду ҷӯйбори поки шири сафедатро аз ман дареғ надоштӣ, то ки ман ором хоб равам. Биё, як бор модарҷон!  Туро ёд кардам, аз ин дуриҳои дур дилам шикаста аст, мисли намози мусофир дар сафар.

Бале, модар муъҷизаи нотакрор қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати саршор пур аз меҳру вафои башарият аст. Зиндагӣ худ як шеър аст, ки бояд ҳар як фарзанд қимати модарро бидонад ва бидонад, ки агар модар туро садо кунад, дон ки туро ҷаннат фарёд карда истодааст. Бояд , ҳамеша дар хидматаш ҳамеша омода бош ва  бо  калимаи "хуб шудааст”- модарҷон  ба ҷо биёр.

Азизон, бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли инсон, тарбияткунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забони шеваи модарӣ, таъриху фарҳангӣ миллӣ  мебошад , ки ӯ амонатдор аст. Ба ин маънӣ занону хоҳармодарони азиз, имрӯзҳо ҳамеша  дар тарбияи фарзандони  соҳибмаърифату дорои ахлоқи ҳамида доранд, тарбия намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро ки фарзанд аз ҷиҳати  маънавию ҷисмонӣ солим ба қадру манзалат, Ватан ва таъриху фарҳангӣ миллии тамаддуни миллат  ва ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари ба камол расонидани  фарзанд онҳоро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияти ифтихори баланди  миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ  тарбия намоянд. Дар навбати худ ободии ҳар хонавода аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маърифатнокӣ ва тандурустии зан- модар вобаста аст, ки нақши модарон  хело барҷаста мебошад.

Дар кадом ҳолате набошанд, модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорӣ, меҳру муҳаббати беандоза дар назди ҷомеа мемонанд, ки баҳри фарзандон новобаста аз синну сол, навозиши дастони модар беҳтарин истироҳати қалб  аст. Зеро ки дар ҳаққи модарон чӣ қадар сухан гӯем кам аст... онҳо бузурганд!

Валӣ Набизод- котиби иттилоти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНавозиши дастони модар
Scroll to Top