Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. -"Эмомалӣ Раҳмон"
Модар, офтоби нурафшон, дарёӣ пуртуғён, шуълаи дурахшон ва баҳри бекарон аст.
Модар! Аз он рӯзе, ки маро ба дунё овардӣ ва чашмонамро ба олами ҳастӣ кушодӣ аввал туро дидаму дастони пурмеҳратро ҳис намудам. Ту монанди олиҳаи ҳастӣ мебошӣ, ки ба рӯи фарзандон ва замину ҷонзоти олам нур мепошӣ. Ҳақ ба ҷониби шоир гуфтааст:
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.
Намегардад валекин он баробар,
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Сад афсӯс, баъзе фарзандони нохалаф ба сӯи модарашон бо кирдорҳои нишоистаи нораво садҳо ташвишҳоро ба дӯшаш бор мекунанд. Аммо, модар бо сабру таҳаммул ҳамаи гуноҳҳои фарзандонашро мебахшад. Ӯ танҳо орзу менамояд, ки фарзандон солим ба воя расанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар аст.
Ба ин маънӣ, модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи замин аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдор ҳастанд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандонро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда ҳастанд.
Дилрабо Яҳёева - корманди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”