Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баёз

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб дар тарбияи худшиносию худогоҳии миллии оммаи васеи хонандагон ҳамчун маҳзани илму маърифат мавқеъи хосаеро ишғол менамояд. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, омӯзиш ва таҳқиқи мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ дар Осорхонаи таърихи вилояти Суғд-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” комиссияи харидори ташкил шудааст, ки ба тарики он  хамасола китобхои нодир ва хам чопи сангӣ ва инчунин ашёхои таърихи харидори мешавад.

Яке аз китобҳои харидоришуда “Баёз” мебошад, ки дар фонди осорхонаи таърихи махфуз аст. Асари мазкур чопи сангӣ буда, дар он гузидаи як ё якчанд шоир ҷамъ оварда шудааст. Мутаасифона, дар ягон қисмати китоб муаллиф, котиб ва соли асар зикр нагардидааст. Барои фаҳмо шудани номи китоб истилоҳи баёзро мухтасар шарҳ медиҳем. Баёз дар адабиётшиносӣ, дафтаре, ки дар он шеърҳои тоза ва гузидаи як ё якчандшоир ҷамъ оварда шудааст. Дар луғат баёз ба маънои сафедӣ, қоғаз, дафтари мусаввада, дафтари дастнавис, дафтари нонавишта ва ғ. омадааст. Чун истилоҳи адабиётшиносӣ маҷмӯаест, ки дар он дӯстдорони адабиёт, адабони касбӣ, шоирону нависандагон ашъори писандидаашонро ҷамъ меоваранд ва он ба шакли маҷмӯа, китоб ё китобчае сурат мегирифт. Дар оғози пайдоиш теъдоди коғази сафедро, ки ба ҳам дӯхта ва бо чарм чилдбандӣ шуда буданд, баёз мегуфтанд.

Харидории чунин китоб хеле муфид аст, зеро мо инро метавонем дар намоишҳои байналмиллали муаллиф карда тавонем, чун дар ин баёз ҳам шоирони тоҷик ва ҳам шоирони ӯзбекзабон омадааст. Андозаи китоб 21х13 буда, муқоваи он азнавсозӣ шудааст. 

Бойматова М.М - корманди илмии шуъбаи дастхатхо
ва табъу нашр МД МФТ 
Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаёз
Scroll to Top