Зан - модар масдари наслҳо ва меҳвари ҳар як оила аст. Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.
Дар ситоиши зан - модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд, ки “Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки аҳолии ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, осудаву пешрафта мебошад. Дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд”. Пас мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.
Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
Боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошанд.
Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан - модар тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат” дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯри бо занони ҳунарманду фаъоли вилоят баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Омири муассисаи мазкур Иброҳимов Иброҳим оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқӣ МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муассилини Гимназияи рақами 4, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доранд.
Фароғат Усмонова – мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд
Маҳмудова Фарангис Музаффарҷоновна – муовини декан оид ба таълим ва илмӣ факултетӣ муҳандисӣ – технологӣ, омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ
Ниёзова Матлюба – ҳунарманди сол, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ғолиби озмуни Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман“ дар наминатсияи “Мӯд ва дизайн” сазовори ҷои якум гардида бо Диплом ва мукофотпулии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шудааст.
Инчунин дар чорабинии мо сарояндаи мумтоз, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Илҳомӣ иштирок доштанд, ки бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ таъби ҳозиринро болида гардониданд.
Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”