Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд.
Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррами бахшад, пас зан модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудоте, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Ҳамасола санаи 8 март иди байналмиллалии занҳо ҷашн гирифта мешавад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 3 ноябри соли 1995 № 98 номгузории “Рӯзи байналхалқии занон” ро ба Рӯзи модар иваз намуд. Ин албатта бесабаб нест. Зеро, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Зан модар тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ӯ ба камол расидаем, сабақи одамият омӯхтаем. Тамоми бузургони ҷоҳон зодагони модаранд. Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайёму Носири Хисрав, Бедилу Сайидо, Исмоили Сомонӣ, Аҳмади Дониш, Балъамию Низомулмулк, Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрӯз ифтихори мо тоҷикон мебошад. Дар ситоиши зан модар то ба имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипарст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст ва хирадманду кадбону тасвир ёфтааст.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз баромадҳояшон қайд менамоянд, ки Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”