Воқеан, баҳор яке аз фаслҳои зеботарин, нозанини сол ба шумор меравад, ки зеро аз рӯйи тақвими соли мелодӣ моҳҳои март, апрел ва майро дар бар мегирад. Дар асл, чаҳор фасли сол, ҷаҳор нерӯи бузург, ки ба аҳли башар ризқу рӯзиҳо мебахшад. Яъне гузашти ҷойивазкунии чаҳор фасли муъҷизаофар, санъати бузургест, ки табиат ва олами наботот дигаргун мешавад.
Зикр намуд, ки дар мавсими фасли баҳор ҳамаи намудҳои табиатм рӯйи замин бедор мешаванд. Дар тамоми дунё мардумон баҳорро дӯст медоранд ва фасли ризқовар ҳам меноманд. Дар ин айём дили ҳар як инсон, ки деринтизораш буд аз нав орзую ормонҳо зинда мегарданд, ки мисли оне ки табиат аз нав зинда мегардад. Дар ин фасли баҳор дар кишвари Тоҷикистони маҳбубамон якчанд идҳоро ба монанди 8 март- Рӯзи модар, 21-24 март иди Наврӯзи байналмилалӣ, 1 апрел- Рӯзи ханда, 9 май – Рӯзи Ғалаба , 27 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғ. ҷашн ва пешвоз гирифта мешаванд.
Биёед, аз баҳор ёдовар мешавем, ки дер боз пазмон шуда будем. Баҳор бедоршавии табиат аст, ки субҳи бомдодон ҳавои форами насими баҳор ба машом мерасад, ҷақ- ҷақи парандагон, эҳёи арзу само, ибтидои ба умед тухм пошидан ба замин марди деҳқон ба хотири фардои зиндагӣ мерасад. Фасли баҳор эъҷодкор аст, дашту даманҳоро сабза мисли кӯрпа мепӯшонад ва ҳариру пургул мегардонад. Гулу гулбуттаҳо ба худ чанбари гул ба сар мегирад, парандагони хушҳолро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу наҳкат мебахшад. Дар мобайни ин гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ инсон шод гашта бовиқор ба умеди зиндагӣ қадами содиқона мезанад, қамари ҳиммат мебандад, оламбин ва табиатдӯст мегардад. Ин фасли баҳори нозанин аз нав эҳё гашта, дар дили пиру барно нишоти зиндагиро аз нав арзи ҳастӣ менамояд, ки рангоранги табиат ба қалбҳо қувват мебахшад.
Қобили зикр аст, ки ҳар як қавму миллат ба худ расму оин ва ҷашнҳои худро дорад, ки дар рушду такомули он гузаштагон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар ин радифи ҷашнгири расму оинҳо ниёгони миллати тоҷик иди Наврӯзро ном мебаранд, ки номи Наврӯз аз қадимулайём рӯзи нави иди баҳор меноманд. Гузаштагон дар ин рӯзи иди Наврӯз дастурхони шодиёна кушода ба рӯи он неъматҳои ҳафтшину ҳафтсин мегузоштанд, ки ҳар кадомаш рамзи худро дорад.
Имрӯзҳо миллати тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаҳои ниёгонро пос нигоҳ дошта, иди Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ бошукуҳу ботантана истиқбол мегиранд. Омад- омади баҳори нозанинро мардуми кишвар бо кишти зироату пухтани суманаку рақсу сурудхонӣ пешвоз мегиранд. Дар доманакӯҳҳо назар афканем, дар ин айёми баҳор , рангин метобад ва табиат ҳусни тозае ба худ зам мекунад. Дар талу теппаҳо гулҳои баҳорӣ, бойчечаку ревоҷ гиёҳҳои табии сар бардошта аз фарорасии баҳор дарак медиҳанд. Шодиву сурури бачаҳо ҳамто надорад, ки дар ин айёми баҳор ба талу теппаҳо баромада гули бойчечакро чида гуруҳ- гуруҳ суруди “Бойчечак”- ро хона ба хона гашта замзама мекунанд.
Бале, айёми фасли баҳор ҳамчун фасли ниҳолшинонӣ мавсими тоза намудани шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм намудани замин мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ беҳтарин замон рӯзҳои аввали фасли баҳор барои шинонидани ниҳолҳо, зеро ки ҳаво муътадил ва салқин аст, ки дарахтон дар ин вақт ҳанӯз хобанд.
Ёдовар шуд, ки дар ин фасли баҳор ба ҷуз оғози шинонидани ниҳолшинонӣ, иду айёмҳои ҷашнҳои бошукуҳ анъанавии миллии халқҳои ориёнтабор ҷашнҳои Наврӯзи байналмиллалӣ , 8 март- Рӯзи модарон, 11 март- Рӯзи матбуоти тоҷик, 23 март- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари маҳбубамон таҷлил карда мешаванд.
Валӣ Набиев - котиби иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”