Имрӯзҳо аҳли кормандони муассисаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, бо бедоршавии табиат, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи мазкур дар доираи тадбирҳои бо шинонидани дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ, гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ бо гузаронидани дастаҷамъонаи шанбегӣ иштирок намуда истодаанд.
Дар ин замина аз ҷониби боғдорон дар қалъаи таърихӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид заминҳои корамро барои гулшинонӣ омода ва ҳамвор намуда гулҳои рангоранги ороишии мавсимӣ шинониданд, ки намуди зоҳирии табиат ва муҳити зист куллан дигаргунӣ ба миён омад.
Дар баргузории ҳашари тозаву ободонӣ кормандон аҳамияти хоса зоҳир намуда ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзу гулҳои мавсимии ороишӣ саҳми худро гузоштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тариқи хашари дастаҷамъона бо кӯмаки боғбонон намудҳои гулҳои тоҷи хурус ба миқдори 60 бех, дарахти сафедор- 10 адад, каталпа-20 адад, полвония-25 адад ва дарахти мевадор -8 адад, дар умум 1700 бехи гулҳои садбарги рангоранг, ки дар зери плёнкаи каламчаҳои гул парвариш ёфта буданд, дар гирду атрофи Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қалъаи таърихии Хуҷанд шинонида шуданд.
Ҳашарчиён дар доираи шанбегӣ саҳнаи даромадгоҳ, роҳравҳо ва ҷӯйборҳои обгузарро рӯбучин намудани баргҳои хазон, алафҳои бегона ва аз партовҳои полиэтиленӣ тозаву озода намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳашари дастаҷамъона ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати экологӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷараёни маъракаи ҳашари дастаҷамъонаи шанбегӣ аз ҷониби кормандон тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ маъракаи шанбегӣ ва ҳашари дастаҷамъона амалӣ хоҳад шуд.
Валӣ Набиев - котиби иттилооти МД МФТ Қалъаи Хуҷанд