Замоне, ки инсон вориди саҳнаи қалъаи таърихӣ мегардад, ҳиссиёташро ҷаҳонӣ дигар пахш мекунад. Гӯё саҳифаҳои нотакрори фарҳангӣ таърихии қадимаи ниёгон барояш кушода шуда, мехоҳад тезтар ба ҳавлии ҳунармандони мардумӣ раваду аз асли гузашта воқиф гардад.
Қобили зикр аст, ки дар қисмати шимолу шарқии Қалъаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, намунаҳои бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима, ки аз ҳашт ҳавлии ҳунармандони мардумӣ аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ баҳри тамошобинон сохта ба истифода дода шудаанд. Хонаву ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ асосан мансуби табақаи косибону, тоҷиру ҳунармандон ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳри Хуҷанд буда,бо номгузории аслиаш шинохта мешавад. Бунёди намунаи он имкон фароҳам овард, ки эҳё ва анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинии Хуҷанди бостониро бо ҳунармандонаш ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонад.
Гуфта метавон, ки имрӯз тамошобинон аз хавлиҳои ҳунармандон дидан менамояд, тамоми лавозимотҳои сохтмонӣ ва маводҳои табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯбу санг сохта шуда, хонаҳояш гаҷкорӣ, дарвозаву сутунҳояш ва сақфаш кандакорӣ карда шудааст.Зикр намуд, ки ҳавлиҳои ҳунармандон аз тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фарогирии суннату анъанаҳои мардумии шаҳри Хуҷандро аз давраҳои таърихию фарҳангӣ гузашти миллии тоҷикон дарак медиҳад. Яке аз ин намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ бо номи “ҳавлии дӯзандагӣ”мебошад, ки бонувони ҳунарманд машғули ҳунари аҷдодӣ мебошанд. Дар ҳавлии дӯзандагӣ ҳунармандони чобукдаст Набиева Мавҷуда, Шарипова Дилбар бо ҳамроҳи шогирдон машғули дӯзандагии ҳунари анъанаи ниёгон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дӯзандагӣ аз қадимтарин касбу ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Агар ба хилъати гузаштаи мардуми кишвар назар афканем, бахусус мардумони Хуҷандшаҳр расм будааст, ки маъмулан духтарбача дар айёми синни 8-9 солагӣ бояд аз модаркалон , модар , ҳоҳаркалон ё ҳеҷ набошад аз ҳамсояагон касби дӯзандагиро аз худ кунад. Дӯзандагӣ пешаи хеле муҳим буда, иборат аз тарзу усули махсуси дӯхт ва гуногуннавъии ба ҳам пайвастани матоъҳои дӯхташаванда мебошад.
Ин навбат тасмим гирифта шуд, ки дар ҳавлии дӯзандагӣ бонувони ҳунарманд бо сӯзанидӯзӣ машғули кор ҳастанд, сухан хоҳем гуфт. Ҳунари сӯзанидӯзӣ ин нигори серранг ё сиёҳу сафеди росткунҷаи девории матоъӣ мебошад. Сӯзанӣ маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишудаи рӯзгори мардуми тоҷик буда, қариб ки тақрибан дар ҳар хонавода мавҷуд мебошад. Онҳо аз ҷиҳати шаклу андоза гуногун мебошанд, ки нақшҳои сӯзанӣ хусусияти хос ва андозаи мухталиф дорад. Тарҳи сӯзанӣ аз нақшҳои ислимӣ иборат буда, аксар дар мобайни худ гули доирамонанд ва дар канорҳояш ҳошияҳо доранд- мегӯяд, ҳунарманди чирадаст Мавҷуда Набиева.
Бале, сӯзанӣ акси бо сӯзан дар матоъ ҳаккокишудаи чамани шукуфон ва пур аз гулҳои рангоранг нақшу нигор кардашуда мебошад. Аммо чашми ҳамабин дар ин чамани сеҳрнок ҳамчун рамзҳои орзуву ормонро мебинад, ки ба мисли рамзи фаровон, ҳимоя аз чашми баду ҳифозат аз мавҷудоти бадтинат, кушоиши бахт ва дигаре дида метавонад. Дар бисёр манзилҳои истиқоматии мардум анъанаи оро додани хонаи зисти навҷавонон бо сӯзанӣ аз замонҳои қадим ба мерос мондааст. Бештар онро махсусан дар тӯйҳои арӯсӣ модар ба духтар ҳадя мекунанд- гуфт дар идомаи суҳбат.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душвориҳои худро дорад, ранҷ ва касро дилгир мекунад. Шахсан ман дар айёми хурдсолӣ аз модаркалонам ин нозукиҳои сӯзанидӯзиро омӯхтам, ки назокати ҳунари ҳар як ҳунарманд сирру асрори худро дорад, ки аз насл ба насл дода шуда, ташаккул ёфта истодааст.
Илова бар ин ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвари Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Хуҷанд коллеҷҳои касбӣ, литсейҳо, донишгоҳу донишкадаҳо амал мекунанд. Ин марказҳои омӯзиши касбу ҳунар таҳти раҳмонии устодону омӯзгорони боистеъдод кору фаъолият мебаранд.
Бале, ҳунари дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, тозакориро тарбия менамояд ва ҷаҳонбинию дунёи маънавии шогирдонро ғанӣ мегардонад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар замони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, аз нав эҳё гардиданд. Ҳунармандони мардумӣ дар инкишофи ҳунарҳои дӯзандагӣ ва инчунин дар тарбияи шогирдони боистеъдоди чобукдастон ба монанди Ҷавҳарӣ Маликабону,Сумаяхон ва Нигорахон Сатторовҳо басо арзанда аст, ки зиёда аз ҳашт сол инҷониб чун “устод ва шогирд”, дар паҳлӯи омӯзгорони касбӣ хеш истода, саҳми босазое гузошта истоданд, ки санъати ороишии миллии- сӯзанадӯзӣ аз байн наравад.
Умед дорем, ки шогирдон дар оянда чун устоди худ ба дигар шогирдон соҳиби касбу ҳунарро меомӯзонанд. Шогирдонро зарур аст, ки аз заҳматҳои устоди худ бохабар бошанд, онҳоро қадршиносӣ карда тавонанд, зеро ба заҳмати зиёди устод ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Агар аз дигар назар афканем, устоде ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе наомӯзонад, яъне шогирд тарбия наменамояд, монанди дарахти бесамар мемонад, ки ҳеҷ манфиате дида намешавад- гуфт дар идомаи суҳбат Мавҷуда Набиева.
Яъне, гуфта метавон, ки анъанаи неки ҳунарҳои мардумӣ омӯзонидани ҳунари волои миллӣ ба насли ояндаи миллати тоҷик аст, ки фардои дурахшони ҳаёти зиндагӣ аз он вобастагӣ дорад.
Ёдовар шуд, ки сӯзанӣ ҳунари хеле қадимаи мардумӣ буда, дар бозору мағозаҳои кишвар дидан мумкин аст, ки имрӯзҳо дар растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандони мардумии қалъаи таърихӣ ҳамчун арғумони миллӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Валӣ Набизод - котиби иттилооти
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”