Санаи 26 феврали соли 2025 бо сафари расмӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , хонума Элза Пинёл ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Йорк Шуграф ва таҳлилгарони соҳаи сайёҳии кишвари Фаронса ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ташриф фармуданд.
Дар ҳошияи доираи сафари корӣ меҳмонони олиқадрро Муқимҷон Темуров- Роҳбари маркази фарҳангии Фаронса ”Алянс Франсез” дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда аз Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал намуданд.
Ҳайати гурӯҳи меҳмонони олиқадрро, шахсан Омири кулли МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” , Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва қабул намуд. Сипас, Махсумов Шаҳром- роҳбалади муассисаи мазкур аз толорҳои намоишӣ макони таърихию фарҳангӣ бо ашёҳои қадима ва нигораҳою экспонатҳои нодири таърихӣ бозгӯи гузаштагони халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад, шинос намуд. Дар идомаи боздид аз ҳавлии ҳунармандони мардумии ҳавлии тоҷир, қолинбофӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ бо тарзи ҳаёти гузаштагон, санъати меъморӣ, урфу одати миллӣ, рӯзгордорӣ, ки инъикосгарии анъанаҳои ниёгонро пеши назар меорад, ошно гардиданд.
Зимни боздид эҳсос гардид, ки меҳмонон аз дастовардҳои ҷамъоварии ашёҳои гуногуни таърихию фарҳангии тоҷикон, ки баҳри тамошобинон гузошта шуда буданд, хело таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб намуд. Меҳмонон пас аз боздиди толорҳои намоишӣ гузар намуда, сипас дар саҳнаи бинои қалъаи таърихӣ акси хотиравӣ гирифтанд.
Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ин пеш аз ҳама боздид аз макони таърихию фарҳангӣ миллати тоҷик буд. Аз фурсат истифода бурда меҳмонони олиқадр бо кушодашавии дафтари маркази сайёҳӣ ва иттилоотии байни ду кишвари Тоҷикистон ва Фаронса, ки дар тобеиати ҷузъи муассисаи мазкур мебошад, дидан намуданд.
Дар навбати худ нишасти озод бо намояндагони соҳаи сайёҳи дар толори муассисаи мазкур оид ба равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳа мубодилаи афкор баргузор гардид.Дар ҷамъбасти вохӯрӣ сафири Фаронса хонума, Элза Пинёл ба Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов барои пазироии гарм ва фароҳам овардани фурсати муносиби диду боздид ва суҳбат дар атрофи масоили рушди сайёҳӣ ва иттилоотии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки ишора ба ин маркази мазкур барои ҳамкориҳои манфиатбахши ду кишвар дар заминаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи иттилоотӣ дар пешрафти илми сайёҳӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотӣ
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”