Дар асл , мардуми халқи тоҷик таъриху фарҳангӣ қадимаи бой дорад. Умуман риштаи расму оини фарҳангӣ мардуми меҳмоннавозии халқи тоҷик садсолаҳо аз насл ба насл гузашта ташаккул ёфта истодааст. Ба таърихи гузаштагони ниёгон назар афканем, воқеан дар шаҳру навоиҳо ва деҳотҷойҳо, одатан калонсолонони маҳалла дар вақти дамгирӣ барои чойнӯши ба чойхонаҳои сари гузар мебаромаданд, ки як мактаби бузурги одаму одамгарӣ буд. Дар он ҷо аслан пирони нурони ва мардони гапдону гапхур ҷамъ меомаданд, ки аксарияти наврасону ҷавонон аз онҳо услубу эҳтиром ва одобу ахлоқи зиндагиро меомӯхтанд. Дигаре бошад, дар чойхона бо мутоилаи рӯзномаҳою маҷаллаҳо ва бозии шоҳмоту шашка машғул мешуданд. Овози мусиқии дилчаспи форами классикии шашмақом ба гӯш садо медод, ки ба кас ҳаловат мебахшид ва чойхона на минбари баланд, балки як макони илм, фарҳанг, сиёсат ва таъриху тамаддуни мардуми тоҷикон ба шумор мерафт. Ғайр аз чойнӯшӣ боз ширинӣ ва хӯрокҳои гарм, одатан оши палови миллии ҳарифона мепухтанд. Албатта, ин хуш аст, чойхоначӣ барои миҷозонаш ҳатман шароит ва чойи гарми дилхоҳашонро пешкаш менамуд. Соҳибони чойхона чойнику пиёлаҳоро тоза шуста кӯшиш мекарданд, ки лаби пиёлаю чойникҳо кафидагӣ ё парида набошанд.
Агар ба истилоҳи фарҳанги тасфирии забони тоҷикӣ назар афканем,” чойник” ё ” чайнак” аз забони форсӣ гирифта шуда маънои лӯладор дар он чой дам мекунанд ё лӯлаи дастадорро ифода мекунад. Асосан чойникҳоро ҳунармандони касбӣ на танҳо аз гил, балки аз металл ва сафол сохта ба истифода медоданд. Гуфтан ба маврид аст, ки намуди чойникҳо дар асри XVI ба Ҷопон , сипас ба Аврупо ворид гардида будааст.
Қобили зикр аст, ки дар толори пештоқи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар зери шиша намунаи чойники сангин, ки тааллуқ ба асри XIII-XIV, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Ҳоло бошад, бо пешрафти технологияи муосир истеҳсоли зарфҳои шишагин ба монанди чойнику пиёла, табақу коса, шамъдону кӯзаҳо ва ғ. сохта ба истифода дода мешаванд. Дигаре бошад, агар ба фарҳанги миллати мардуми рус нигарем, муддати тӯлонӣ онҳо аз чойник истифода намебурданд ва ба ҷойи он самоворро афзалтар медонистанд. Онҳо одатан чойро дар сари дастархон бо шир, шакар, маҳсулоти қаннодӣ менӯшиданд. Ҳоло бошад, бо мурури замон то имрӯз дар Русия чойник хело маъмул гардидаст , ки ӯро ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, зиндагии серғизо ва риштаи мустаҳками робитаҳои оилавӣ медонанд.
Хусусияти асоси фарқкунандаи фарҳанги халқи тоҷик аз дигар миллатҳо ин меҳмоннавозӣ аст, ки баъди кушодани дастархон ҳатман чой меоваранд. Яъне, дам карда овардани чойи гарм дар чойники чинӣ ин рамзи ҳақиқии зиндагии хонавода бо мавҷудияти чойи хушбӯй дилҳоро нарм, суҳбати оромбахши самимимонаи эҳтироми хонавода ва риояи суннатҳои қадимаи мардуми халқи тоҷикро нишон медиҳад.
Валӣ Набиев - котиби иттилооти
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”