Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонони Ҷумҳурии Узбекистон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 22 феврали соли 2025 бо сафари расмӣ ҳайати гурӯҳи кории  вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар идомаи сафари корӣ меҳмононро  намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,бо роҳбарии муовини Раиси  вилояти Суғд, Файзулло Қосимӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, аз Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ, меҳмононро муовини Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, Абдусалом Қурбонзода пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, Мирзоева Иноятхон - роҳбалади дараҷаи олии муассисаи мазкур  ҳайати гуруҳи  меҳмононро аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида, марбут ба эҳё ва барқарорсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки макони таърихию фарҳангии  миллати тоҷик, бахши нигоҳдории мероси ниёгон аз ёдгориҳои безаволи гузаштагони миллати тоҷик дарак медиҳад,  ошно намуд.

Дар идомаи сайри илмӣ ҳайати меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои ҳунармандон ба монанди наққошӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ,  хонаи тоҷир ва дигаре бо тарзи ҳаёти зисти гузаштагон ва ашёҳои рӯзгордорӣ, тарҳи санъати меъморӣ, тақозои зиндагии  гузаштаро бо имрӯз пайваст ва  муаррифӣ мекунад, дидан намуданд. 

Аз фурсати қулай ҳайати меҳмонон ба аҳли кормандони макони таърихӣ ва шахсан ба роҳбарияти кулли муассисаи мазкур  барои чунин иззату эҳтироми самимии меҳмоннавозӣ, ба китоби "меҳмонони фахрӣ" изҳори миннатдорӣ намуданд, ки боздид аз макони таърихию фарҳангӣ  хело хотирмон буд.

Шовазири Муродҷони - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонони Ҷумҳурии Узбекистон аз макони таърихӣ
Scroll to Top