Cанаи 21 феврали соли 2025, ҳайати гуруҳи намояндагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ,бо сарварии Савунов Иван Михайлович , дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Дар ҳошияи сафари корӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи осорхонаи таърихӣ, Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Сипас, Алишери Меҳринисо - роҳбалади муассисаи мазкур меҳмононро аз толорҳои осорхонаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида бо маводҳои қадима ва экспонатҳои нодири таърихии тамаддуни миллати тоҷик, ки гузошта шудаанд, маълумоти бештар дод.
Баъди боздид ҳайати гуруҳи меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанд аз толорҳои намоишӣ ба як макони таърихию фарҳангӣ мубаддал гаштааст, ки бинандаро бо ороиши зебояш дар ҳайрат мегузорад, дидан намуданд. Меҳмонон аз гуфтаҳои роҳбалад фаҳмиданд, ки ин макони фарҳангӣ аз толорҳои таърихии қадимаи халқи тоҷик то замони истиқлолӣ мансуб буда ва ҳар яки онҳо аз давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегирад, ошно гардиданд.
Воқеан, боздид аз чунин махзани ёдгориҳои таърихӣ , ки бо санъати баланди нотакрори нақшу нигори қадима, тасвирҳои рангину кандакорию гаҷкорӣ бештар меҳмоноро ба худ ҷалб намуд.
Зимнан, меҳмонон дар фарҷоми сайри илмӣ ба роҳбарияти муассисаи мазкур ҷиҳати чунин татбиқи истиқболи самимии меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Умеда Юлдошева - роҳбалади Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”.